Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлатӣ ва нишонаи соҳибихтиёрии миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун маҳсуб мешавад. Чунин иброз гардид зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.
Иштирокдорони ҳамоиш изҳор доштанд, ки дар ҳама давру замон давлатдорон парчамро ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ мепиндоштанд ва чун сарҳад, забон ва фарҳанг муқаддас меҳисобиданд. Директори агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки парчам рамзи давлату давлатдорӣ буда, шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиштагӣ, рушду нумӯ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ раҳнамун месозад. Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши халқ барои сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад.
Иштирокдорон аз моҳияти таърихию фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандӯстӣ ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки Рӯзи Парчами давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки садоқати беҳамтои худро нисбат ба миллату давлат нишон дода, барои ободию рушд ва тараққии рӯзафзуни ин диёри биҳиштосо ғайратмандона меҳнат намоянд.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






