Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир шуд

Ноябрь 10, 2025 13:42

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши идона Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот изҳор дошт, ки «ҷашн гирифтани Рӯзи милитсия ин далели эҳтироми мардуми шарифи Тоҷикистон нисбат ба хизмати содиқонаи милисаҳои шуҷоъ маънидод гардида, эътибори баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷойгоҳи мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳифзи дастоварду арзишҳои миллию давлатӣ нишон медиҳад. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти милитсия, аз ҷумла Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон бо тамоми лавозимоти хизматӣ- бинову иншооти замонавӣ, мошинҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин гардидааст».

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Рустам Шафизода гуфт, ки аз рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик кормандони ин ниҳод дар сафи пеши мубориза барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, кори ин ниҳоди муҳими давлатдориро садоқатмандона идома медиҳанд.

Дар ҳамоиши идона як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилӣ, медал, рутбаҳои навбатӣ, «Ифтихорнома»-и Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва «Ифтихорнома»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ба собиқадорони ин соҳа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Чорабиниро аҳли санъату ҳунари вилоят бо барномаи рангини фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноябрь 10, 2025 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд