Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо шарофати варзишгарон Парчами давлатӣ зиёда аз 7500 маротиба баланд бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати варзишгарони тоҷик зиёда аз 7500 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло бардошта шуда, беш аз 3000 маротиба Суруди миллӣ танинандоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Танҳо давоми нуҳ моҳи соли равон ба шарафи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёда аз 320 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохилию хориҷи мамлакат 320 медал, аз ҷумла 90 медали тилло, 92 нуқра ва 138 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ба шарафи онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Бояд иброз намуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Имрӯз мо бояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Парчами давлатӣ барои мо пораи матои одӣ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст. Яъне, ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш дар баробари дигар муқаддасоти миллию давлатӣ дар назди парчам аз сарбози одӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






