Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Ноябрь 5, 2025 14:43

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши  илмӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои илмӣ ва амалии таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон: Пешвои миллат дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ» доир гардид.

АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарият, профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иштирок намуда, оид ба паҳлуҳои илмӣ, сиёсӣ ва амалии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Исломбек Зоирзода  иброз намуд, ки 4 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ, ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор  шуд, зимни  суханронии пурмуҳтаво ва таҳлилгарона  ба масъалаҳои таъмини некуаҳволии иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир  намуданд.

Таъкид гардид, ки некӯаҳволии иҷтимоӣ на танҳо як унсури сиёсати дохилӣ, балки омили муҳими сулҳу субот, ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва рушди устувор мебошад.

Тавре Сарвари давлат  дар ин  Саммит  иброз намуданд, рушди иҷтимоӣ бояд фарогир, устувор ва бе тафовут нисбат ба ҳеҷ як гурӯҳи аҳолӣ бошад.

Инчунин дар ҳамоиш  олимону профессорони донишгоҳ сухан намуда, дар таҳлилҳои худ аҳамияти суханронии Сарвари давлатро  дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид, нуфузи афзояндаи байналмилалии Тоҷикистон, ташаббусҳои созандаи кишвар дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, рушди устувор ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки сиёсати хориҷии фаъол ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишварро ба мақоми шоистаи ҷаҳонӣ расонидааст.

Ҳамоиш бо муҳокимаҳои илмӣ, саволу ҷавоб ва пешниҳоди тавсияҳои амалии илмӣ анҷом ёфт. Иштирокдорон таъкид намуданд, ки суханронии Пешвои миллат дар Саммити СММ боз як далели равшани нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва сиёсати инсонмеҳвару иҷтимоимеҳвари давлат мебошад.

    АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2025 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд