Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Ҷанбаҳои илмӣ ва амалии таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон: Пешвои миллат дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ» доир гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш роҳбарият, профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иштирок намуда, оид ба паҳлуҳои илмӣ, сиёсӣ ва амалии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки 4 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ, ки дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баргузор шуд, зимни суханронии пурмуҳтаво ва таҳлилгарона ба масъалаҳои таъмини некуаҳволии иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва рушди устувори иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки некӯаҳволии иҷтимоӣ на танҳо як унсури сиёсати дохилӣ, балки омили муҳими сулҳу субот, ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва рушди устувор мебошад.
Тавре Сарвари давлат дар ин Саммит иброз намуданд, рушди иҷтимоӣ бояд фарогир, устувор ва бе тафовут нисбат ба ҳеҷ як гурӯҳи аҳолӣ бошад.
Инчунин дар ҳамоиш олимону профессорони донишгоҳ сухан намуда, дар таҳлилҳои худ аҳамияти суханронии Сарвари давлатро дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид, нуфузи афзояндаи байналмилалии Тоҷикистон, ташаббусҳои созандаи кишвар дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, рушди устувор ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки сиёсати хориҷии фаъол ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишварро ба мақоми шоистаи ҷаҳонӣ расонидааст.
Ҳамоиш бо муҳокимаҳои илмӣ, саволу ҷавоб ва пешниҳоди тавсияҳои амалии илмӣ анҷом ёфт. Иштирокдорон таъкид намуданд, ки суханронии Пешвои миллат дар Саммити СММ боз як далели равшани нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва сиёсати инсонмеҳвару иҷтимоимеҳвари давлат мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад






