Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд

Ноябрь 23, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами давлатӣ — рамзи истиқлолият ва давлатдории миллӣ» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд, чорабинӣ бо роҳпаймоии осоиштаи ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ранги сурх дар он рамзи истиқлолу озодӣ, сафед нишонаи сулҳу оромӣ ва сабз ифодаи ободию сарсабзии зиндагӣ мебошад, ҳамчунин тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон таҷассумгари тамаддуни оламгир, фарҳанги ғании давлатдорӣ ва масири пурифтихори ватанпарастии миллати мо ба шумор меравад. Ин рамзи муқаддас дар худ қаҳрамониҳои фарзандони сарсупурда ва ормонҳои мардуми шарафманди мамлакатро ифода менамояд.

Дар ҳамоиш бо дарназардошти фаъолияти муназзаму густурда ва саҳми арзанда дар пешбурди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилӣ, ҳамчунин иштироки фаъолона дар барномаҳои телевизионӣ гурӯҳе аз кормандони донишгоҳ бо «Сипоснома»-и Муассисаи давлатии Телевизиони Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Суруду таронаҳои ансамбли «Наво»-и донишгоҳ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, меҳанпарастӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ — хоса Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ба маҳфил зебоиву таровати бештар зам намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 23, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар