Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд

Ноябрь 30, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Душанбе ҷаласаи васеи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти тими миллии футзал дар соли 2025 ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи футзал дар мамлакат  баррасӣ карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар бораи фаъолияти даста дар соли 2025 гузориши муфассал пешниҳод кард. Дар давраи ҳисоботӣ дастаи мунтахаб 11 бозӣ, аз ҷумла панҷ вохӯрии дӯстона, се бозии интихобии Ҷоми Осиё-2026 ва се бозӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 анҷом додааст. Ҳайати дастаи миллӣ аз 23 бозигари ҳашт бошгоҳ иборат буд.

Пайрав Воҳидов инчунин нақшаи омодагии дастаи миллиро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, шарҳ дод. Нақша ташкили ҷамъомадҳои тамринӣ ва иштирок дар бозиҳои дӯстонаи байналмилалиро дар бар мегирад.

Яке аз мавзуъҳои ҷаласа норасоии бозигарони касбии футзал буд, ки тавонанд ҳайати дастаи миллиро дар солҳои оянда ташкил диҳанд. Аъзои кумита зарурати беҳтар кардани сифати тамрини бозигарони ҷавон ва тақвияти ҳамкорӣ байни бошгоҳҳои футзали мамлакатро таъкид карданд.

Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин татбиқи системаи видеодоварро барои бозиҳои плей-оффи Суперлигаи Тоҷикистон-2025 баррасӣ кард. Истифодаи ин система сатҳи объективии доварӣ ва коҳиш додани шумораи қарорҳои баҳсбарангезро дар бозиҳои ҳалкунандаи чемпионат беҳтар мекунад.

Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки дар заминаи бошгоҳҳои Суперлигаи Тоҷикистон дастаҳои кӯдакону наврасон барои ояндаи тими миллӣ таъсис дода шаванд. Ғайр аз ин, аъзои кумита аз ҷорӣ кардани системаҳои GPS барои назорат кардани фаъолияти ҷисмонии бозигарон, таҳлили фишори тамринҳо ва беҳтар кардани сифати машқҳо пуштибонӣ карданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 30, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад