Дар Москва Шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор гардид

Ноябрь 12, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва шоми дӯстии Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов, аъзои Шурои ҷамъиятии назди сафорат ва дигар шахсон иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Аз ҷониби Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои миллӣ ва мардумӣ, намунаи либосҳои анъанавӣ, китобҳо ва асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода оид ба муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар сухан гуфт.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Маликшо Неъматзода оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  хизматҳои арзандаю талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ёдовар шуд. Иброз гардид, ки маҳз бо раҳнамоии оқилона ва заҳматҳои Президенти мамлакат Тоҷикистон ба давлати устувору рушдёбанда мубаддал гардид.

Ҳамзамон аз сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар қатори дигар вазорату идораҳо ва сохторҳои давлатӣ аз ҷониби роҳбарияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ барои  вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба бо кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла  бо Федератсияи Русия тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Аз ҷониби Федератсияи Русия аъзои Шурои сиёсии ҳизби «Единая Россия» Андрей Климов оид ба муносибатҳои ду ҳизб — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва «Единая Россия» иброз дошт, ки аз соли 2017 байни ин ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия Созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ амал мекунад. Дар доираи он байни ҷонибҳо дар бахшҳои гуногуни ҷомеа ҳамкории мутақобили судманд идома дорад. 

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Ноябрь 12, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид