Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» беш аз 60 ширкат маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии (Dushanbe Expo) Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар он 60 ширкати бонуфузи ватанию хориҷӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Русия, Покистон, Беларус, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва Чин маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Зимни ифтитоҳи намоишгоҳ Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода иброз дошт, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошад. Он ба рушди соҳибкорӣ, тавсияи робитаҳои минтақавию байналмилалӣ ва таблиғи маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ин намоишгоҳ аҳамияти хосса дошта, на танҳо истеҳсолкунандагони ватанию ширкатҳои хориҷиро ба ҳам меорад, балки ҳамчун минбар барои муколамаи созанда, мубодилаи таҷриба ва пайдо намудани имконияти нави ҳамкорӣ хизмат мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҷалби сармоя, дастгирии бахши хусусӣ ва фароҳамсозии муҳити мусоид сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ мешуморад. Ин далели равшани афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва эътирофи мамлакат ҳамчун шарики боэътимод дар фазои байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи намоишгоҳ соҳибкорони ватанию хориҷӣ вохӯриҳои дуҷониба доир намуда, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд.
Намояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шамс-К» Ардашер Давлатов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки корхонаи онҳо ба истеҳсолу таҳияи маҳсулоти хонагӣ ва воситаҳои гигиенӣ машғул мебошад. Онҳо беш аз 10 навъи моеъи шустушӯӣ истеҳсол мекунанд.
«Мақсади мо осон, тоза ва солим гардонидани зиндагии ҳамарӯзаи мардум мебошад. Аз ин рӯ ба навоварӣ ва таъмини сифати маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Дар ширкати мо ҳар маҳсулот бо назорати қатъӣ ва стандарти байналмилалии баланд омода карда мешавад»,-иброз дошт намояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудм «Шамс-К».
Ба иттилои ҳамсуҳбат, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ густариш дода, маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба бозорҳои хориҷи мамлакат ба фурӯш бароранд. Мақсад аз иштирок дар чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳз барқарор намудани ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Соҳибкор аз Покистон Асим Сиддиқӣ дар ин намоишгоҳ чанд навъ обҳои нӯшокӣ ва шириниҳои ватанияшонро муаррифӣ намуд.
«Мо бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории хуб дорем ва аксар маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишвари мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот мегардад.
Ин нишондиҳандаи равшани ҳамкории дуҷониба ва боэътимод байни ду давлат аст. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки сифат ва навовариҳои маҳсулоти худро барои бозорҳои байналмилалӣ тақвият бахшем»,-гуфт Асим Сиддиқӣ.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, иштирок дар чунин намоишгоҳҳо на танҳо барои муаррифии маҳсулот, балки барои пайдо кардани ҳамкорони нави тиҷоратӣ ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ имконияти хуб мебошад. Ӯ гуфт, ки бо истифода аз чунин платформаҳо метавонанд маҳсулоти Покистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоянд ва ҳамзамон робитаҳои тиҷоратиро бо кишварҳои ҳамсоя ва дур тақвият бахшанд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» аз 13 то 15 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Ширкатҳои ватанӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон маҳсулоту хизматрасонии инноватсионияшонро дар намоишгоҳ ба таври васеъ муаррифӣ менамоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад






