Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид

Ноябрь 2, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 02.11.20025. /АМИТ«Ховар»/. Гурӯҳи кории Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо мақсади  фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» бо сокинон суҳбату вохӯриҳо  анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар медиҳад.

Дар суҳбату вохӯриҳо ҳамчунин ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои чавон ва  дар руҳияи  худшиносӣ тарбия намудани насли наврас дахл карда шуд.  Таъкид шуд, ки муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ  маҳз ҷавонон ҳастанд, зеро онҳо бо нерӯи созандаву иқтидорманд, қувваю тавон, диду нигоҳи тоза, зиракӣ ва ақидаҳои солими хеш дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми босазо мегузоранд.

Даъват карда шуд, ки ҷавонони ояндасозро месазад, ки дар дилу вуҷуди худ ҳама вақт фикри ояндаи миллату Ватанро дошта, бо эҳсоси меҳанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳомии дастовардҳои даврони истиқлоли мамлакат ва арзишҳои неки марзу буми хеш бошанд. Ҳамзамон, ба муқобили ифротгароиву хурофотпарастӣ ва ақидаву андешаҳое, ки барои рушди мамлакат монеъ мешаванд, муборизаи беамон баранд ва ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб  байни  наврасону ҷавонон,  пешгирии шомилшавӣ ҷавонон  ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим,  ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон низ баррасӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Ноябрь 2, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад