Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бинои нави маъмурии шуъбачаи милитсияи деҳоти Зайнабободи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Бинои нави маъмурии милитсияи деҳоти Зайнабободи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Дар бино қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир буда, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ, компютерҳои замонавӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ба минтақаи хизматии милитсияи деҳот 58 ҳазор нафар аз аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зайнабобод, Султонобод ва Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешавад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода кормандони милитсияи деҳоти Зайнабободи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Рӯдакиро даъват намуд, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубро таҳким бахшида, бо шаҳрвандон хушмуомила ва дар ҳамкории зич қарор дошта бошанд.
Вазири корҳои дохилӣ ба собиқадорони милитсия ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Сипоснома тақдим намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






