Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
РӮДАКӢ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ маросими ҳавасмандгардонии пахтакорону кишоварзони беҳтарин баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зеро аз коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол ва ин зироат ашёи муҳимми саноатӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин бахши соҳаи кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.
Дар ҳудуди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими кишти соли равон дар 210,8 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки 15 гектари он бо усули нави зери плёнка иҷро гардид. Хушбахтона, хоҷагидорон бо коркарди босифат ва риояи қоидаҳои агротехникию сари вақт бо об таъмин намудани пахта ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.
Пахтакорони ноҳияи Рӯдакӣ то 20 ноябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро 101 фоиз иҷро намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 қариб як баробар зиёд аст.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо истифодаи тухмиҳои хушсифат, технологияҳои муосир ва риояи қатъии талаботи агротехникӣ имконият аст, ки ҳосилнокӣ то ба 30-40 сентнер аз як гектар расонида шавад.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба пахтакорони ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода, роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Махсум-2014», ки якумин шуда, дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, сипосу миннатдорӣ баён кард. Сипас як зумра кишоварзон, чинакчиёни фаъол, кормандони соҳа ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ барои саҳми арзанда дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ










«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ШАРҚ. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд






