Дар ноҳияи Ёвон варзишгарони ҷавон барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 20, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ёвон бо варзишгарони ҷавон, ки дар муҳорибаҳои омехта ва ҷудо сазовори камарбанди чемпионӣ гардиданд, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Раиси ноҳия Икромиддин Вализода ба варзишгарон барои намояндагии шоистаи ноҳия ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки дастовардҳои онҳо натиҷаи заҳмати рӯзафзун, интизом, матонат ва дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи варзиш мебошад.

Иброз гардид, ки сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки ҷавонони мамлакат  дар арсаҳои ҷаҳонӣ бо дастовардҳои арзанда Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам баланд бардоранд.

Ҳар як варзишгари ғолиб оид ба ҷараёни мусобиқа, рақобатҳои шадид ва омодагиҳои пеш аз мусобиқа иттилоъ дода, таъкид намуд, ки камарбанди чемпионӣ барои онҳо на танҳо нишони ғалаба, балки масъулияти бештар дар роҳи камолоти касбии минбаъда мебошад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки онҳо минбаъд низ шарафи варзишии ноҳия ва мамлакатро дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳимоя мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод