Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмири куллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ҳисор Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти милитсия барои пешгирии ҳама гуна ҷинояткорӣ бояд фаъолияти худро дучанд намоянд.
Дар чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба кормандони мақомоти милитсия бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи милитсияи тоҷик 3 мошини сабукрави хизматӣ туҳфа гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






