Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид

Ноябрь 25, 2025 14:19

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат руҳу илҳом мебахшад.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандӯстӣ, инсондӯстию фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро ифода намуда, онро устувор намояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, шарафмандӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, таҷассуми ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми бонангу номус ва меҳнатқарину бофарҳанги тоҷик маҳсуб шуда, ифодакунандаи ояндаи дурахшони ватани азизамон мебошад.

АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 25, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад