Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид

Ноябрь 10, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш аз ғамхорию дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ёдоварӣ гардид. Иброз шуд, ки кормандони милитсия дар баробари дигар иду ҷашнҳои давлатӣ бо дастури Президенти Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи милитсияро ботантана таҷлил менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз шароити хизматию маишӣ ва иҷтимоии ҳайати шахсии мақомот бохабар гардида, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити корӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми даҳ соли охир беш аз 90 раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз нав бунёд карда шуда, тамоми биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ бо тарҳи замонавӣ таъмиру тармим ва бо лавозимоту таҷҳизоти муосири хизматӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин қисмҳои ҳарбии Раёсати Ⱪӯшунҳои дохилӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт бунёд карда шудаанд.
Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар корманди милитсия бояд на кам аз ду забони хориҷиро донад ва бештар дар ин самт корбарӣ намояд. Ҳамзамон донистани технологияи муосирро, ки имрӯз тамоми сокинон аз он истифода мекунанд, омӯзанду корбарӣ намоянд. Ҳамчунин корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳамеша чусту чолок, ҳушёру зирак бошад ва нагузорад нохалафе оромию осоиштагии давлату миллати моро халалдор созад.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода таъкид намуд, ки корманди милитсия бояд зоҳиран ҷиддӣ, ором, хушмуомила ва ботинан қавиирода, далеру шуҷоъ ва масъулиятнок бошад.

Дар охир беш аз 700 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои фаъолияти хубу назаррас ва садоқат ба касб бо рутбаҳои махсуси навбатии «Полковники милитсия», «Подполковники милитсия», медалҳои «Барои хизмати шоён», дараҷаҳои 1, 2 ва 3, медалҳои «Садоқат», «Милитсияи Тоҷикистон», нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаи фахрӣ ва «Раҳматнома»-и Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилӣ

Ноябрь 10, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид