Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи Тимори Шарқиро мағлуб намуд

Ноябрь 18, 2025 15:37

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи миллии Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар сафар ба дастаи Тимори Шарқӣ пирӯз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ имрӯз дар Варзишгоҳи Лигаи регбии Дарвин баргузор гардида, бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев ду гол зада, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев низ як голӣ заданд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, яъне 31 марти соли оянда дар шаҳри Ҳисор дастаи миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Филиппин бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Ноябрь 18, 2025 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт