Душанбе мизбони мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 ноябр шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа 20–21 ноябр байни наврасон баргузор гардида, дар он 333 варзишгар аз 4 кишвари Осиё иштирок мекунанд. Тоҷикистонро дар ин бахш 179 писар ва 11 духтар намояндагӣ менамоянд.
Мусобиқа байни ҷавонон 22–23 ноябр доир мегардад. Дар ин мусобиқа 276 ҷудочӣ аз 6 кишвари Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 писар ва 10 духтар дар татамии Душанбе рақобат хоҳанд кард.
Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи қитъавӣ дар Тоҷикистон мавқеи рӯзафзуни варзиши миллӣ, инфрасохтори муосири варзишии мамлакат ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлатро ба рушди ҷисмонӣ ва варзиш ифода мекунад. Ин ҳамчунин имконият медиҳад, ки варзишгарони ҷавони тоҷик аз рақибони сатҳи баланд таҷрибаи хуб омӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе солҳои охир чандин мусобиқаҳои муҳим, аз ҷумла Гран-Слами Душанбе оид ба ҷудоро, ки дар тақвими расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо ҷойгир аст, бар уҳда дошт.
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






