Эмомалӣ Раҳмон — аввалин роҳбари сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон, ки ба низоми президентӣ маънои миллӣ бахшиданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҷашни муқаддасе, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос ва муаллифи рисолаи илмии «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ» Сиёвуш Наботзода суҳбат намуд. Дар мусоҳиба масъалаҳои илмӣ, таърихӣ ва сиёсие баррасӣ гардиданд, ки бо таҳкими давлатдории миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ниҳоди президентӣ иртиботи мустақим доранд.
АМИТ «Ховар»: Чанд сол қабл таҳти унвони «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ» рисолаи Шумо нашр гардид. Чӣ ангеза ва зарурат Шуморо ба таҳияи чунин рисола водор намуд?
Сиёвуш Наботзода: Вақте ки соли 2017 рисоларо таҳия мекардам, ҳадафам нишон додани нақши таърихӣ ва сиёсие буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати навини тоҷикон гузоштаанд. Он сол мамлакат беш аз бисту панҷ соли истиқлолиятро паси сар карда, ба марҳилаи нави таҳкими давлатдорӣ ворид мешуд. Ман эҳсос кардам, ки зарурати илмӣ ва таърихии инъикоси таҷрибаи муосири давлатсозӣ ба вуҷуд омадааст. Мақсади асосии таълифи рисола ҷавоби як ниёз буд, яъне нишон додани он, ки чӣ гуна роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат боис гардид, ки Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати ором, устувор ва рушдёбанда табдил меёбад.
Имрӯз, баъд аз ҳашт сол, вақте ба он кор менигарам, мебинам, ки бисёре аз таҳлилҳои он замон воқеан дуруст будаанд, яъне ниҳоди президентӣ имрӯз ба сутуни асосии давлатдорӣ табдил ёфтааст.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо мафҳумҳои «Президент», «ниҳоди президент» ва «ниҳоди президентӣ» чӣ гуна фарқ карда мешаванд?
Сиёвуш Наботзода: Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксар мамлакатҳои ҷаҳон Президент нақши ҳалкунанда дорад. Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ ниҳоди президентӣ чун яке аз намудҳои сарварии давлат маъмул буда, таърихи беш аз дусадсола дорад.
Тавре маълум аст, истилоҳи «президент» аз калимаи лотинии «Ргаеsidens» гирифта шуда, маънои таҳтуллафзии «дар пеш нишаста»-ро дорад. Аз ин истилоҳ бармеояд, ки «дар силсиламаротиби соҳибмансабони олии интихобии давлатӣ президент мансабдори аввал ё худ роҳбари олии давлат маҳсуб мешавад».
Бояд гуфт, ки агар «ниҳоди президент» маҷмуи меъёрҳои конститутсионӣ-ҳуқуқиро нисбат ба таъсис ва фаъолияти мансаби президент фаро гирад, ибораи «ниҳоди президентӣ» мазмуни васеътар дорад ва дарбаргирандаи маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба шаклу сохторҳои ташкилии ба фаъолияти президент мусоидаткунанда мебошад.
АМИТ «Ховар»: Аз дидгоҳи Шумо таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон чӣ аҳамияти таърихӣ дошт?
Сиёвуш Наботзода: Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон гардиши сарнавиштсоз буд. Он ба 29 ноябри соли 1990 рост меояд, замоне ки мамлакат дар остонаи таҳаввулоти ҷиддӣ қарор дошт. Дар натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ низоми собиқ аз ҳам пошид ва зарурат ба доштани роҳбари мутамарказ ва неруманд пеш омад.
Дар Тоҷикистон пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар хусуси таъсиси вазифаи президенти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» аз 29 ноябри соли 1990 ниҳоди президентӣ таъсис ёфт. Баъдан дар натиҷаи сар задани буҳрони нави мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва пас аз даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи соли 1978 аз 27 ноябри соли 1992 дар Тоҷикистон ҳокимияти президентӣ дар ҷумҳурӣ дубора бекор карда шуд.
Ҳамзамон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ниҳоди президентӣ муваққатан аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд. Мухолифони ниҳоди президентӣ дар он ақида буданд, ки ба Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони Шуравӣ, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард.
Баъдан бо гузашти ду сол бо Конститутсияи нав, ки ба таври раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида буд, маротибаи дуюм ниҳоди мазкур таъсис дода шуд. Бо ин иқдом Тоҷикистон роҳи давлатдории мустақил ва низоми президентиро интихоб кард. Натиҷа он шуд, ки идораи давлатӣ мутамарказ, масъул ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум гардид. Дар заминаи ин ниҳод баъдтар тамоми сохторҳои навини сиёсиву ҳуқуқӣ ташаккул ёфтанд.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо чӣ омилҳо сабаб шуданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ниҳоди президентиро устувор гардонанд?
Сиёвуш Наботзода: Пеш аз ҳама, ин ба шахсияти худи Пешвои миллат вобаста аст. Сарвари давлат аз нахустин рӯзҳои роҳбариашон масъулияти бузургеро ба дӯш гирифтанд- барқарор кардани сулҳ ва нигоҳ доштани якпорчагии давлат. Маҳз бо хирад, ҷасорат ва иродаи қавӣ тавонистанд ҷомеаро аз буҳрон берун оваранд. Дар рисолаи таҳиякардаи ман таъкид шудааст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон аввалин роҳбари сиёсие мебошанд, ки ба низоми президентӣ маънои миллӣ бахшиданд. Дар замони роҳбарии ин шахсияти таърихсоз президент на танҳо Сарвари давлат, балки кафили ваҳдат, рамзи сулҳ ва пояи асосии давлатдорӣ гардид. Ҳама ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ- аз қабули Конститутсияи соли 1994 то такмили низоми интихоботӣ дар ҳамин замина амалӣ гардид.
АМИТ «Ховар»: Дар рисолаи Шумо истифодаи калимаи «ниҳод» ҷолиб аст. Чаро маҳз ин истилоҳро интихоб намудед?
Сиёвуш Наботзода: Ин интихоби забонӣ ва илмӣ буд. Калимаи «ниҳод» решаи форсӣ-тоҷикӣ дорад ва маънои поя, рукн, асосро ифода мекунад. Ман мақсаднок ин калимаро ба ҷойи «институт» истифода бурдам, зеро мехостам ба забони давлатӣ ва истилоҳоти миллӣ эҳтиром гузорам. «Институт» иқтибос аз забони русист, аммо «ниҳод» ба фарҳанги мо наздиктар аст ва маънои сохтори устуворро дорад. Аз ин рӯ, ман пешниҳоди илмиеро матраҳ кардам, ки минбаъд дар адабиёти ҳуқуқии тоҷик мафҳуми «ниҳоди президентӣ» ҷойгоҳи расмӣ пайдо кунад.
АМИТ «Ховар»: Шумо дар таҳқиқоти худ таҷрибаи давлатҳои дигарро низ омӯхтаед. Кадом шаклҳо ба Тоҷикистон наздиктаранд?
Сиёвуш Наботзода: Ман таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Русия, Қазоқистон ва Узбекистонро таҳлил намудам. Дар тафовут аз баъзе кишварҳо, ки ҳокимияти президентиро бо ҳукумати парламентӣ тақсим мекунанд, дар Тоҷикистон Президент ҳамзамон кафили иҷрои Конститутсия, роҳбари ҳокимияти иҷроия ва меҳвари ҳамоҳангии тамоми шохаҳои ҳокимият мебошад. Ба андешаи мо, шаклҳои маъмули ниҳоди президентро ба ибораи дигар шартан шакли аврупоӣ, амрикоӣ ва фаронсавӣ номидан мумкин аст. Дар ҳар се тарҳи номбурда президент чун сардори давлат тавсиф меёбад, вале фарқияти муайянкунанда дар нақши президент мавриди тамос бо ҳокимияти иҷроия зоҳир мегардад.
Ҳамин тариқ, муқоиса нишон медиҳад, ки Тоҷикистон роҳи хоси худро интихоб кардааст, яъне шакли миллии президентӣ, ки ба анъанаҳои давлатдории тоҷикон ва хусусияти миллии ҷомеа мувофиқ аст. Ин таҷриба дар таъмини суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва пешрафти иқтисодӣ нақши калидӣ бозид.
АМИТ «Ховар»: Дар натиҷаи таҳқиқот ба кадом хулосаҳои илмӣ расидед?
Сиёвуш Наботзода: Ман ба хулосае омадам, ки ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон на танҳо рукни ҳокимият, балки ниҳоди давлатсоз аст. Он ҳадафи стратегӣ дорад, яъне таъмини ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодӣ. Дуюм, ман пешниҳод намудам, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «ниҳоди президентӣ» расман иброз гардад, зеро он ҳоло бештар дар сатҳи назариявӣ истифода мешавад. Сеюм, исбот кардам, ки низоми президентии Тоҷикистон дорои хусусияти миллии хос аст ва наметавон онро пурра бо шаклҳои хориҷӣ муқоиса кард. Ин низом ба шароити таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии мо мутобиқ шудааст.
АМИТ «Ховар»: Аз соли 1994 то имрӯз низоми президентӣ чӣ гуна рушд ёфт?
Сиёвуш Наботзода: Дар ин давра Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид шуд. Принсипҳои давлатдорӣ такмил ёфтанд, идораи давлатӣ рақамӣ гардид, сиёсати хориҷӣ фаъол ва мутавозин шуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат стратегияҳои калидӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардиданд, ки самти ояндаи мамлакатро муайян мекунанд. Ҳоло мо шоҳиди онем, ки ниҳоди президентӣ ба мактаби воқеии давлатдорӣ табдил ёфтааст, яъне тавассути он на танҳо идора мекунанд, балки арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва ҳадафҳои миллиро ташаккул медиҳанд.
АМИТ «Ховар»: Шумо ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ омӯзиши илмии чунин мавзуъҳоро барои ҷомеа муҳим меҳисобед?
Сиёвуш Наботзода: Ин омӯзиш хеле муҳим аст. Давлатдорӣ танҳо бо қонун не, балки бо фаҳмиши дуруст аз масъулият устувор мемонад. Барои ҳар хизматчии давлатӣ донистани асосҳои ҳуқуқӣ ва таърихии ниҳоди президентӣ зарур аст. Ғайр аз ин, чунин таҳқиқот дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва дарк намудани арзишҳои истиқлолият нақши муҳим мебозанд.
Ман бар он боварам, ки рисола танҳо оғози силсилаи пажӯҳишҳоест, ки бояд идома ёбанд, то илм ва амал дар самти давлатсозӣ ҳамқадам шаванд.
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат чӣ гуна тавонистанд ин ниҳодро ба рамзи ваҳдат табдил диҳанд?
Сиёвуш Наботзода: Қувваи асосии Пешвои миллат дар тавоноии муттаҳидсозии миллат аст. Дар замоне, ки мамлакат дар остонаи парокандашавӣ буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд мардумро гирди як ҳадаф, сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷамъ оваранд. Бо сиёсати хирадмандона ва меҳвари миллӣ ниҳоди президентиро ба рамзи ягонагӣ ва устувории давлат табдил доданд. Имрӯз ҳар шаҳрванд Президентро на танҳо роҳбар, балки ҳамчун муҳофизи сулҳу истиқлол мешиносад. Ин дастовард на танҳо сиёсӣ, балки арзишӣ ва маънавӣ аст, он руҳи давлатдории тоҷиконро дар масири таърих таҷассум мекунад.
АМИТ «Ховар»: Шумо Рӯзи Президентро чӣ гуна маънидод мекунед?
Сиёвуш Наботзода: Барои ман Рӯзи Президент ҷашни эҳтиром ба давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аст. Ин рӯз на танҳо ҷашни як мақоми давлатӣ, балки рамзи ваҳдат, субот ва шукргузорӣ аз шахсиятест, ки сарнавишти давлатро дигаргун сохт. Рӯзи Президент моро водор месозад, ки масъулияти худ нисбат ба давлат ва миллатро эҳсос кунем, барои пешрафти Ватан содиқона заҳмат кашем ва арзишҳои истиқлолиятро ҳифз намоем.
АКС: АМИТ «Ховар»








БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Фарзанди шумо ба синфи якум рафт. Чӣ тавр бояд ба ӯ кумак расонд?
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ. Он пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»






