ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агар ба таърихи башарият таваҷҷуҳ зоҳир намудаю онро варақгардон намоем, ҳар халқу миллате дар як замону як марҳалаи ҳаёти хеш абармардонеро зодаву парвардааст, ки корнамоиҳои онҳо бо гузашти замонаҳо ва мурури вақт дар осори адибону таърихнависони наслҳои оянда бо тобишу дурахши бештар аз пешин ба ҷилва меоянд. Ин қаҳрамонҳои миллӣ сиёсатмадороне ҳастанд, ки дар замоне пояи давлатдории миллатеро гузоштаанд, шоирони бузурге будаанд, ки ҳамосаи таърихии халқи худро аз замони бошукуҳи миллати худ сурудаанд, сарлашкароне будаанд, ки дар лаҳзаи ҳассоси таърихӣ дар муборизаи шадид бо душманони миллат зафар ёфтаву халқи худро аз зулму нокомӣ ва завол наҷот додаанд. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо НЕЪМАТЗОДА, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.Матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.
-Ҳадаф аз эҳтиром ва гиромидошти чунин шахсиятҳои мондагор низ он аст, ки хотираи таърихии имрӯзиён ва пеш аз ҳама, насли ҷавонро бедор созад ва онҳоро ба ҷонфидоию ватандӯстӣ ҳидояту раҳнамун созанд.
Миллати шарафманди тоҷик давоми таърихи хеш садҳо абармардони фарҳангу сиёсат, илму адаб, санъату ҳунарро парваридааст. Мо имрӯз номи ҳар яке аз он бузургонро бо эҳтиром дар гӯшаи қалби худ нигоҳ медорем ва бо кору пайкори онҳо ифтихор менамоем.
Ҳодисаю рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии охири садаи бистум, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз кардааст, ба саҳнаи маъруфият шахсиятҳоеро баровардааст, ки бо шарофати талошу муборизаҳои онҳо Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми мушаххасоти давлати демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ рӯи пояҳои мустаҳками давлатдорӣ қарор гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ва намоёнтарин чеҳраи сиёсии ин айёми мураккаб ва ҳамзамон тақдирсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар натиҷаи муборизаҳои бехирадонаи сиёсӣ, мамлакати мо ба вартаи ҷанги ҳамватанӣ кашида шуд. Бар асари ин воқеоти нангин мамлакат хароб ва миллат афгор гардид. Умеду боварӣ ба ояндаи нек намонда буд ва шуморае аз мардуми мамлакат тарки манзилу макони худ карданд.
Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихӣ Тоҷикистонро роҳбар ва лидери сиёсие зарур буд, ки дер нашуда, пеши роҳи ҷанги пурфоҷиа ва даҳшатвори шаҳрвандиро бигирад, мамлакат ва миллатро аз нобудӣ раҳоӣ бахшад.
Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек доштааст, дар замираш ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба халқу Ватан будааст.
Моҳи ноябри соли 1992, ки давлати мо бо ҳодисаҳои фоҷеабору нангин дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор дошт, дар толори “Қасри Арбоб” – и шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд.
Ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Аз ин хотир метавон ин иҷлосияро ҳамчун асоси бинои сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод.
Дар иҷлосия роҳбарияти нави сиёсии мамлакат бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани давлатро таҳия намуда, ба миён гузошт. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллӣ фароҳам оварда, хатари парокандагии давлати тоҷикону миллати тоҷикро аз байн бурд.
Дар Қасри «Арбоб», қасре, ки бунёдгузораш шахси некхоҳу некбин, пири деҳқонони тоҷик Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев буд, бо раъйи вакилони мардумӣ фарзанди шоистаи халқу миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Таърих собит кард, ки ҳамфикрии вакилон дар интихоби Роҳбари давлат дар Қасри «Арбоб» – интихоби фардои дурахшон, интихоби сулҳу ваҳдат, интихоби роҳи ободиву озодӣ ва пешрафту тараққиёт аст. Халқ донист, ки Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ, заҳмату ҷонфидоӣ, талошҳову тадбирҷӯиҳо раҳнамову ҳидоятгар аст, ба миллат сулҳу ваҳдат овардан мехоҳад ва бунёди Тоҷикистони ободу озод орзуи ягонаву доимии ӯст.
Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу азму талошро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона намуда, дар ин ҷода баъди чанд соли аз худ гузаштанҳою ҷонбозиҳо муваффақ низ шуданд.
Миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён бо ифтихору сарафрозӣ гуфта метавонанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки бақои миллати тоҷикро дар мушкилтарин лаҳзаҳои давлатдорӣ таъмин намуда, дар бунёди давлатдории навин, таҳкими истиқлол ва таъмини ваҳдати комили ҷомеа нақши асосӣ доранд.
Пешвои миллат шахсияте мебошанд, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарвариро ҷасурона ба даст гирифта, бо талошу иродаи бемисл боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон гардиданд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба дастовардҳои бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардид.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедворӣ ба ояндаро дар дили ҳар шаҳрванди мамлакат ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуданд.
Бунёди мактаби сиёсии давлатдорӣ, таъмини қонуният ва низому тартибот, ба миён овардани ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат, рушд бахшидани иқтисодиёти заифшуда ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Аҳамияту арзиши хизматҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ дар он аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини барқарор шуданаш сулҳро ягона восита ва пойгоҳи амалӣ кардани сиёсати давлатӣ ташхис дод ва идеяи сулҳро аз ҳама гуна мафкураҳои сиёсӣ боло гузошта, онро ҳамчун идеологияи бунёди ҷомеаи озоду мутамаддин интихоб намуданд.
Ҳамин нукта дар тамоми муддати музокироти тоҷикон ҳамчун ҷавҳари оштии миллӣ ҳузур дошт ва бо ҳамин нукта мусолиҳаи воқеъии тоҷикон ба вуқӯъ пайваст.
Мушкили дигар дар ҳамон марҳала- ин вазъи ҷиноӣ дар мамлакат буд. Ҷинояткорӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нуфуз ёфта, ҷинояткорон кӯшиш мекарданд ба иқтисодиёт, сиёсат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сар дароваранд. Зиёда аз ин, доираҳои ҷинояткорон барои ба даст овардани соҳаҳои фоидаовари иқтисодиёту саноат муттаҳид ва боз ҳам мусаллаҳ мешуданд. Чунин гурӯҳҳо кӯшиш мекарданд, ки пеши роҳи ҳар иқдоми бунёдкоронаи роҳбарияти мамлакатро бигиранд, то ба ин васила Ҳукуматро дар пеши мардуми мамлакат беобрӯ намуда, вазъи иҷтимоиро пурошӯб кунанд ва ба мақсадҳои нопоки худ даст ёбанд.
Вале роҳбарияти ҷумҳурӣ бо роҳбарию роҳнамоии Пешвои миллат бар зидди ин гуна гурӯҳҳо ва сиёсату иқтисоди ҷиноятомези онҳо муборизаи беамон эълом карда, мамлакатро аз вуҷуди онҳо покиза сохт ва суботу низоми ҷамъиятиро пойдор намуд.
Иҷрои ҳамаи ин вазифаҳои мураккаб барои он имконпазир гардид, ки роҳбарияти Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист идеяи сулҳро ба ақлу шуури шаҳрвандон расонад ва ҳисси сулҳхоҳии онҳоро боз ҳам таҳрик диҳад.
Омӯзиши таърихи халқҳои куҳанбунёд собит мекунад, ки халқу миллатҳое, ки умри дарози таърихӣ дидаанд, ваҳдаташон комилтар ва иттиҳоди ҷамъиятиашон мустаҳкамтар аст. Ин амр далолат ба ин ҳақиқат мекунад, ки таҷрибаи тӯлонии зиндагии дастҷамъонаи одамон ба онҳо хислате ва ё як навъ ғаризаи иҷтимоиеро ҳамчун неруи аксуламал бар ноамнӣ ва хатари ҷомеа ба вуҷуд меоварад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки худ мунодии сулҳи тоҷиконанд ва ҳама мураккабии ин ҷараёни ҳаётофаринро дар таҷрибаи амалӣ медонанд, чунин мегӯянд:
«Сулҳ маънои таърихи мо аст. Ҳар қадар, ки мо пеш равем, сарчашмаи асосии пешрафти халқи мо бештар аён мегардад, ки он сулҳи пойдор аст. Танҳо сулҳ асоси пешрафти ҷомеа аст ва танҳо дар шароити сулҳу субот аз неъматҳои тараққиёти ҷаҳонӣ баҳравар шудан мумкин аст. Сулҳ ба кулли арзишҳои дигари инсонӣ маънӣ ва маром мебахшад».
Сардори давлат бо дарки амиқи ин ҳақиқат, ки ташаккули давлат ва рушди ҳамаҷонибаи он бе эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ имконнопазир аст, идеяи ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллиро ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта, роҳу равиши густариши ин омилҳои барои давлатдорӣ муҳимро тарҳрезӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омаданд, ки ҷаҳонбинии наву пешрафта танҳо бар пояи гузаштаи таърихӣ асос меёбад ва таърих ҳамон вақт дар шуури одамон зинда мегардад, ки агар ба ҳолати руҳӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, дар хотираи халқ бедор кардани лаҳзаҳои олии зиндагии ниёгон, шукуҳу ҷалоли давлатдории онҳо, пешрафту таназзули давлатҳои муқтадири гузаштагон, ки бо сабабҳо ва омилҳои монанд ба сабабу омилҳое, ки дирӯзи наздик миллати моро дар сари вартаи нобудӣ қарор додаанд, аз ҳар ҷиҳат муҳим ва сабақомӯзонанда мебошанд.
Бинобар ин, барои дар хотираи халқ зинда кардани саҳифаҳои бошукуҳи таърихи миллат ва ба ин васила даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносии таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли ҳарсоатаи масъалаҳои давлатӣ ҳам аз мақоми Сардори давлат ва ҳам аз мавқеи фарзанди миллат фаъолияти сиёсии худро бо кори таълиму тарбия ва эҷоди осори таърихӣ-фалсафӣ омезиш дода, ба хизмати халқу Ватан гузаштанд.
Дар муддати солҳои гузашта бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ бо эҳтимоми шахсӣ ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат таҷлил шудани ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 680-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 90-солагии Бобоҷон Ғафуров, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 – солагии Ҳисори шодмон, ҳарсола бо шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ва Наврӯз, ҳамчунин рӯйи кор омадани мақолаву маърузаҳо ва осори гаронбаҳои таърихӣ — фалсафии “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Чеҳраҳои мондагор” ва “Аз Ориён то Сомониён”-и Президенти Тоҷикистон бо фарогирии равандҳои асосии таърихӣ, бо арзёбии омилҳо ва сабабҳои такомулу инқирози давлату давлатдории ниёгон ва роҳу тарзи анбоштан ва бардоштани донишу сабақи таърихӣ барои наслҳои имрӯзу фардо дар заминаи густариши худшиносии миллӣ нақши муайянкунандаро иҷро намудаанд.
Ғамхорӣ ба адабиёту фарҳанг, таъмини озодии сухан, кумаку дастгирии эҷодкорон ва нашрияҳои адабию фарҳангӣ, дастаҳо ва гурӯҳҳои ҳунарии миллӣ ва этнографию фолклорӣ, додани имтиёзҳо ва мукофотҳои давлатӣ, дар маркази диққати ҳамешагӣ қарор додан ва ҳамаҷониба мусоидат кардан ба раванди ислоҳоти мактабу маориф ва пажӯҳишҳои илмӣ, ба вуҷуд овардани заминаи техникии воситаҳои электронии ахбори умум дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат — номгӯйи номукаммале аз тадбирҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бар пояҳои баланди маърифат бардоштани илму адабу фарҳанги миллӣ ва худшиносии мардуми Тоҷикистон аст.
Барои Эмомалӣ Раҳмон муқаддастарину волотарин ҳадафи сиёсӣ ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамоми халқҳои Тоҷикистон аст. Вай ин ормони муқаддасро дар фаъолияти густурдаи сиёсии хеш чун меҳвари асосӣ муайян намуда, ҳар иқдомеро, ки аз рӯзи нахустини бар садри ҷомеаи Тоҷикистон омаданаш то ба имрӯз анҷом додааст, дар атрофи ҳамин меҳвар ба марҳилаи иҷро расонидааст. Ба ин хотир аст, ки дар миёни мардуми Тоҷикистон ва хайрхоҳони миллати тоҷик дар тамоми ҷаҳон номи Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми ваҳдати миллӣ бо ҳам омезиш ёфта, таҷассумгари якдигар шудаанд.
Соҳибтадбирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз дар он зоҳир мегардад, ки аз рӯзҳои аввали сарвари Тоҷикистон интихоб шуданашон бо Созмони Милали Муттаҳид ва бо роҳбари он — Сармуншии Созмон робита барқарор намуданд ва минбари ин маркази бонуфузи ҳамоҳангсозии масъалаҳои умумиҷаҳониро ба пойгоҳи шиносонидани миллати тоҷик, авзои воқеии сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон қарор дода, тавассути он ҷаҳониёнро аз ҳақиқати рӯйдодҳо, равандҳои умдаи сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези мухолифату муқовимат, ки роҳбарияти мамлакат бо иродаи халқи худ пеш гирифтааст, шинос намуданд.
Мо аз нигоҳи имрӯз ва бо назардошти он айём бо итминони комил метавонем ин ақидаро иброз дорем, ки кулли пешрафтҳои мо дар амри боздоштани ҷараёни азҳамрезии давлат, барқарорсозии низоми давлатдорӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили мамлакат, оғоз гаштани музокирот бо мухолифин ва неруҳои сиёсии ҷомеа натиҷаи лидери миллӣ эътироф гаштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшид ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ имконият пеш омад, ки ба татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намояд. Ва муҳимтар аз ҳама, бо шарофати сулҳ эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҳамчун давлати пайрави демократия чанд маротиба афзуд ва барои мо шароити ҳамкории бештару густурдатарро бо мамлакатҳо ва ташкилоту доираҳои молиявии ҷаҳон фароҳам сохт.
Бо барқарор гардидани сулҳу суботи комил дар мамлакат Тоҷикистон марҳалаи муҳимеро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва заминагузории пешрафтҳои босуръати иқтисодӣ тай намуда, ба марҳалаи сифатан нав — давраи тараққиёти устувор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ворид гардид.
Ҳамасола дар назарсанҷиҳо ва татқиқоти сотсиологӣ, ки аз ҷониби созмонҳои мухталифи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад, Тоҷикистон мақоми шоиста дарёфт менамояд. Соли 2023 созмони ҷаҳонии Гелап Тоҷикистонро амнтарин мамлакати олам эълон намуд. Соли равон дар ин раддабандӣ Тоҷикистон пас аз Сингапур дуюмин давлати амн дар дунё эълон гардид.
Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод дар Амрико соли 2017 рӯйхати кишварҳои амн дар ҷаҳонро нашр кардааст, ки Тоҷикистон дар он амнтарин давлати минтақа буда, аз назари амну субот аз тамоми кишварҳои минтақа ва кишварҳои пасошуравӣ пеш гузаштааст.
Бонки ҷаҳонӣ чанд сол муқаддам рейтинги давлатҳоеро, ки барои рушди тичорат заминаи устувор мегузоранд, нашр намуд, ки Точикистон дар катори 10 давлати аввали дунё ҷой гирифтааст.
Ин ҳама нишондиҳандаи он аст, ки мардуми Тоҷикистон бо тантанаи сулҳу амният ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим худро хушбахт меҳисобанд.
Бузургтарин комёбии даврони истиқлолият ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳама муваффақияти баъдӣ самараи он мебошанд.
Имрӯз дар тамоми ҷанба ва дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои бузургу беназире ноил гардидаем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи ташаббусҳои Роҳбари давлат барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат ва муаррифии мамлакат ба ҷаҳониён аст.
Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи байналмиллалӣ Тоҷикистонро мамлакати ислоҳотгар ва давлати дар ҳоли рушду тавсеа эътироф намудаанд.
Хуб медонем, ки мамлакати мо дар замони Шуравӣ яке аз ҷумҳуриҳои камтараққикарда буд ва асосан манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Ҳараҷу мараҷи солҳои бозсозӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ва вайрону тороҷ гардидани корхонаҳои саноатӣ иқтисоди бе ин ҳам худнокифои ҷумҳуриро ба буҳрони шадид гирифтор намуд.
Вале бо вуҷуди ин мушкилиҳо Ҳукумати нави Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба садри ҷумҳурӣ омадан дар он шароити мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири созмон додан ва таҳким бахшидани сохторҳои идориву низомии давлат, дар амри қобили ҳаёт нигоҳ доштани сохтори иқтисодии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Ҳанӯз то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист, ки ба татбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ кунад. Зеро нигоҳ доштани истиқлолияти сиёсӣ бе замина ва рушди истиқлолияти иқтисодӣ ғайриимкон буд. Ҳамин буд, ки Роҳбари давлат ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикиро мушаххас намуда, барои ноил гардидан ба онҳо аз тамоми имконият истифода намуд.
Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз ин иқдоми созандаву бунёдкорона баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон буду ҳаст.
Дар шароити мураккабу буҳронии солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то татбиқи пурраи нуктаҳои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне соли 2000 Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мушкилоти иқтисодию молиявӣ нигоҳ накарда, сохтмони чанд иншооти барои пешрафти минбаъдаи мамлакат муҳим, аз ҷумла роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, роҳи мошингарди байналмилалии Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, истихроҷ ва истифодаи кони гази Хоҷасартез, бунёди Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда”, Неругоҳи барқи обии Помир, нақби Анзоб ва даҳҳо дигар сохтмонро оғоз намуда, қисми зиёде аз онҳоро ба анҷом расонид. Ҳамзамон бисёр корхонаҳоеро, ки қисман ва ё тамоман аз фаъолият монда буданд, таҷдид ва мавриди истеҳсолу тавлид қарор дод.
Баъдан дар марҳалаи сифатан нав дар амри эҳёи иқтисоди мамлакат, ки аз соли 2000- давраи таъмини пурраи суботи сиёсиву иҷтимоӣ оғоз мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Давоми ин солҳо иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босубот касб намудааст. Дар ин солҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо инвеститсияҳои хориҷӣ бунёд гашта, иловатан даҳҳо ҳазор ҳамватанон бо кор таъмин шуданд.
Барои мисол, танҳо рӯйдодҳои фараҳбахштарини соли 2005 ва аввали соли 2006 – эҳёи сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Роғун» ва «Сангтӯда-1» ва оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» — ро ёдовар шудан кофист, то бароямон аён гардад, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ ҷаҳиши бузурге рух дод ва ин ҷаҳиши бузург чӣ имконияти пешрафту тараққиро барои ҷумҳурии мо боз мекунад!
Имрӯзҳо мамлакати мо бо шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан давоми даҳ соли охир ҳафтае нест, ки изҳори ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаи хизматрасонӣ аз ҷониби хориҷиён пешниҳод нагардад.
Яке аз ташаббусҳои бузургу беназири Пешвои миллат дар оғози марҳилаи давлатсозӣ, ки давраи ноамниву бесуботӣ буд, созмон додани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар он марҳила таъсиси ташкилоти сиёсие зарур буд, ки ба иҷрои сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ин сиёсат кумак расонад. Зеро эътимоду боварӣ ба дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ намонда буд.
Он айём дар бисёр кишварҳои тоза ба истиқлолрасидаи собиқи Шуравӣ номи ҳизби коммунистиро иваз намуда, бо каме тағйирот ба эъмори ҷомеаи нав шуруъ карда буданд. Вале Роҳбари давлати Тоҷикистон ин амалро напазируфта, тасмим гирифтанд, ки вобаста ба талаботи муосир ба майдони сиёсӣ ҳизби комилан навро оваранд.
Ҳуҷҷатҳои бойгонии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки Пешвои миллат бо қалам рӯйи авроқи сафед номи ҳизб, ҳадафу вазифаҳо ва дурнамои онро бо дасти худ навиштаанд, ки ҳамчун бозёфти нодиру бебаҳо ҳифз гаштааст.
Мавқеи ҳизби мо зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мавқеъ ва манфиатҳои миллӣ тавъам буда, рӯйдоду равандҳои даврони истиқлол онро собит менамояд.
Аз замони таъсиси ҳизб то имрӯз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки Раиси муаззами он бо хирад ва маҳорату малакаи баланди роҳбарӣ афкору ниёзи табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба инобат гирифта, роҳи дурусти пешравии мамлакатро барномарезӣ намуданд.
Баргузории чорабиниҳои сиёсӣ – интихоботҳо дар мамлакат баёнгари он аст, ки дар панҷ интихоботи президентӣ, ки солҳои 1994, 1999, 2006, 2013 ва 2020 доир гардидаанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раъйи аксарияти аҳолӣ мақоми олии роҳбарии мамлакатро сазовор гардидаанд.
Ба даст овардани 90.92 фоизи раъйи интихобкунандагон ва натиҷагирӣ аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли 2020 ба вуқӯъ пайваст, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ собит менамояд, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни мардуми мамлакат аз маҳбубияти хоссае бархурдор мебошанд.
Шахсият, фаъолият, хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои тамоми мардуми мамлакат комилан рӯшан аст. Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти миллату давлат хуб медонанд.
Хизматҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Барои мисол, мо метавонем аз чанд масъалаи муҳим, аз ҷумла пешниҳоди ҳалли масъалаи об дар сайёра, пешгирии хатари интишори терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шавем.
Тоҷикистон дар остонаи гардиши куллӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ қарор дорад ва мардуми хирадпешаи тоҷик бо дарки амиқи мураккабии равандҳои таърихӣ ҳар қадами дар пешрафт гузоштаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро бо шукру сипос арзёбӣ менамоянд. Онҳо хайрандешона бовар доранд, ки бо талошҳои хастагинопазир ва кӯшишҳои бошаҳомате, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тараққӣ додани иқтисодиёти мамлакат ба харҷ медиҳанд, ҳатман дар фурсати наздиктарин ба рӯзгори аз ин ҳам хуштару ободтар хоҳем расид.
Ҳазорон шукр ба вуҷуду ҳастии родмардони ватанпарвар ва муборизони ҳифзи якпорчагии давлат ва ягонагии миллат, ки ба шарофати талошҳои арҷмандонаи онҳо мо имрӯз давлати мустақилу ягонаи миллӣ ва озоду демократии худро дорем ва дар шароити сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷамъиятӣ бо қадамҳои устувор бо шоҳроҳи рушду тараққӣ пеш меравем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад






