Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқи барномаи Оинномаи футболи оммавӣ (AFC Grassroots Charter Gold), ба Конфедератсияи футболи Осиё барои аъзогӣ дар сатҳи тиллоӣ дархост пешниҳод кардааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи раванди баҳогузорӣ аъзои футболи оммавии КФО Чокей Нима (Бутан) ва Раҳаф Крум (Сурия) бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд. Ҳадафи ин сафар санҷиши ҳамаҷониба ва тасдиқи мутобиқати барномаҳо, сохтор ва фаъолиятҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон бо талаботи узвияти сатҳи тиллоӣ дар Оинномаи футболи оммавӣ мебошад.
31 октябр аъзои ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё бо ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев мулоқот намуданд.
Дар рафти муҳокима ҷонибҳо самтҳои асосии рушди футболи оммавӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барномаҳо барои кӯдакон ва ҷавонон, мусобиқаҳои мактабӣ ва минтақавӣ, футболи занона ва дигар ташаббусҳоро дар самти футболи оммавӣ дар мамлакат баррасӣ карданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






