Горан Стеванович: «Мо ба шаҳри Дарвин барои ба даст овардани се имтиёз омадаем»

Ноябрь 18, 2025 08:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ (11:30 бо вақти Душанбе) бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни  дастаҳои мунтахаби  Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон оид ба футбол дар Варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ба хабарнигорон гуфт, ки «рақибро хуб мешиносем. Ин даста дар меҳмонӣ ба муқобили  дастаи мунтахаби Филиппин тақрибан бозии баробар дошт, ҳатто як муддат пеш ҳам буд. Дастаи мунтахаби Тимори Шарқӣ чанд бозингари сареъ дорад. Мо ҳарифи худро ҷиддӣ мегирем ва ба бозии пеши рӯ омода мешавем. Мо ба шаҳри  Дарвин барои  ба даст овардани  се имтиёз омадаем ва бо  дастаи мунтахаби  Тимори Шарқӣ танҳо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард».

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «I» дастаи мунтахаби  Молдив дар майдони худ бо дастаи мунтахаби Филиппин вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, соати 15:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби  Филиппин дар ҷойи аввал ва дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Дастаи  мунтахаби Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва  дастаи мунтахаби Молдив бе имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15 январ то 8 феврали соли 2027 дар Ҷумҳурии  Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2025 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад