Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29–30 октябр дар муассисаҳои давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии «Расми беҳтарин», «Иншои беҳтарин» таҳти унвони «Конститутсия – рамзи Истиқлол» ва «Беҳтарин донандаи Конститусия» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Дар номинатсияи «Расми беҳтарин» хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №4-и ноҳияи Шоҳмансур Муҳаббат Давлатмуродова сазовори ҷойи 1 гардид.
Таълимгирандаи Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур Сарвиноз Мусофирова сазовори ҷойи 2 гардида, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сумая Шукрихудоева ҷойи 3-юмро ба даст овард.
Дар номинатсияи «Иншои беҳтарин» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Шоҳмансур Фотима Ҷумъазода сазовори ҷойи 1, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Раҳмонзода сазовори ҷойи 2 ва хонандаи синфи 11-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Мавлуда Мародмамадова сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Дар бахши « Беҳтарин донандаи Конститутсия» хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур Нурбону Нурова ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Оиша Илҳомзода бо гирифтани 95 хол сазовори ҷойҳои якум гардиданд.
Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87-и ноҳияи Сино Анушервон Ашуров бо гирифтани 94 хол сазовори ҷойи 2 ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ Сомон Исматзода бо гирифтани 89 хол сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Қадрдонии ғолибони озмунҳо дар рӯзи таҷлил намудани ҷашни 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябр, соати 14:00 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе дар назар аст.
АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






