Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд

Ноябрь 1, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29–30 октябр дар муассисаҳои давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии «Расми беҳтарин», «Иншои беҳтарин» таҳти унвони «Конститутсия – рамзи Истиқлол» ва «Беҳтарин донандаи Конститусия» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Дар номинатсияи «Расми беҳтарин» хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №4-и ноҳияи Шоҳмансур Муҳаббат Давлатмуродова сазовори ҷойи 1 гардид.

Таълимгирандаи  Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур Сарвиноз Мусофирова сазовори ҷойи 2 гардида,  хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сумая Шукрихудоева ҷойи 3-юмро ба даст овард.

Дар номинатсияи «Иншои беҳтарин» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Шоҳмансур Фотима Ҷумъазода сазовори ҷойи 1, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Раҳмонзода сазовори ҷойи 2 ва хонандаи синфи 11-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Мавлуда Мародмамадова сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Дар бахши « Беҳтарин донандаи Конститутсия» хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур Нурбону Нурова ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Оиша Илҳомзода бо гирифтани 95 хол сазовори ҷойҳои якум гардиданд.

Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87-и ноҳияи Сино Анушервон Ашуров бо гирифтани 94 хол сазовори ҷойи 2 ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ Сомон Исматзода бо гирифтани 89 хол сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Қадрдонии ғолибони озмунҳо дар рӯзи таҷлил намудани ҷашни 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябр, соати 14:00 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе  дар назар аст.

АКС: Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур

Ноябрь 1, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд