ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён дониста мешавад. Ин санаро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соли 1984 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа нисбат ба ашхоси нобиною қувваи босираашон суст пешниҳод кардааст. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» Меҳринисо Назифова иброз намуд, то нуҳ моҳи соли равон дар мамлакат 31 ҳазору 932 нафар беморон дар қайди дипансерӣ қарор доранд. Аз ин шумора 23 ҳазору 224 нафарро калонсолон ва 8 ҳазору 708 нафарро наврасони то 18-сола ташкил медиҳанд.
«Шумораи маъюбон 18 232 нафар мебошад, аз инҳо 15 ҳазору 807 нафарро калонсолон ва 2 ҳазору 425 нафарро то 18-сола ташкил медиҳад»,-гуфт Меҳринисо Назифова.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки баъзеи ин нафарон нобиноии модарзодӣ дошта, қувваи босираи бархеашон суст мебошад. Инчунин солҳои охир байни наврасон ва ҷавонон ҳолатҳои суст гардидани қувваи босира бештар ба мушоҳида мерасад, ки сабаби он истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ, ба монанди компютер, телевизор ва телефонҳои мобилӣ мебошад.
Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки инсонро зарур аст дар ҳама ҳолат чашмони хешро аз таъсири ҳар гуна зарбаҳо эҳтиёт кунад. Андаке бепарвоӣ ва беэҳтиётӣ сабаб мегардад, то кас қобилияти биноиро аз даст диҳад. Ҳамчунин иброз медоранд, ки агар нобиноӣ дар баъзе инсонҳо модарзодӣ бошад, никоҳи хешутаборӣ ҳам метавонад сабаби ба бемории чашм гирифтор шудани фарзандон гардад.
Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст. Бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синнусолӣ, бемориҳои илтиҳоби чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд, тарбод, фишорбаландӣ, дилу хун ва сироятӣ вобастаанд, аз ҷумлаи бемориҳое мебошанд, ки дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат кардан метавонанд барои барқарор намудани нури чашм мусоидат намоянд.
Ба таъкиди табибони чашм, давоми ҳаёт нафароне ба бемории чашм гирифтор мешаванд, ки ҳар рӯз ба муддати зиёд дар назди компютер менишинанд. Ҳамзамон зиёд мошин рондан, навиштану мутолиа кардан, зери Офтоб бе айнаки сиёҳ гаштан чашмро хаста менамояд. Дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон паст истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин гӯшт ва равғани моҳию ҷигар, ки аз ин витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.
Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии шахсони нобино ва қувваи босираашон суст пайваста корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳояшон пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо ҳамеша иқдоми хайрхоҳона анҷом медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода






