IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад

Ноябрь 4, 2025 13:43

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи  Душанбе — Чаноқ бориши барф идома дошта, баландии он  дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла минтақаи наздик ба нақби Истиқлол то 15 сантиметр мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар робита ба ҳолати мазкур кормандони ширкат бетаъхир чораандешӣ намуда, роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд.

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш намудааст,  ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.

Тавре қаблан хабар додем, тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 2 то 5 ноябр дар мамлакат ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Сабаби якбора сард шудани ҳаво воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ мебошад.

Ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо азми сафар доранд, бояд:

— ҳолати техникии мошини худро ҷиддӣ аз назар гузаронанд, то дар роҳ ба мушкилӣ дучор нашаванд;

— иқтидори аккумуляторро санҷанд;

— чархҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаши калон ҳатман занҷирҳои зидди яхбандӣ гиранд;

— ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе — Чанок нисбат ба мавсими гармо фосилаи бештар гиранд;

— агар мошин ба мавсими сармо омода нест, беҳтар аст муваққатан аз сафар худдорӣ намоянд;

— тавсияҳои кормандони IRS, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро дар мавриди маҳдуд будани ҳаракати мошинҳо ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ бечуну чаро риоя намоянд.

Бо назардошти ин аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки бе омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд, ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон дучори мушкилӣ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.

АКС: филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2025 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар