«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои иштирок дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдоди давлатӣ Ироқ расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии даври чорум дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шоми 5 ноябр дар Варзишгоҳи Ал-Завраи Бағдод соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ 22 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи футболи «Ал-Завра»-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.
Қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври аввал дар меҳмонӣ 17 сентябр аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда, дар даври дуюм, 1 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.
Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи «D» — 5 ноябр дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ дар майдони худ бо дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон, ки соати 23:15 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад, бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои аз ҷойи дуюм аз гурӯҳ баромадан имконияти хуб дорад. Ҷойи аввалро, бешубҳа, дастаи футболи «Ал-Наср» соҳиб мешавад, ки дар ҳамин ҳол бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 6 имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дастаи «Гоа»-и Ҳиндустон бидуни имтиёз дар зинаи охирин мебошад.
Ба назари коршиносон, барои ба мақсади худ расидан қаҳрамони Тоҷикистонро мебояд дар меҳмонӣ бозии ҷавобиро бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ мусовӣ анҷом диҳад.
Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






