Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст

Ноябрь 5, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз қабули ҳуҷҷати сарнавиштсоз  – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як давраи бисёр ҳассос  таҳия  гардид, сию як сол пур шуд ва маҳз ҳамин ҳуҷҷат давлати моро ба шакли  дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои анҷоми корҳои басо муҳими ба давлатдории навинамон муртабит замина гузошт.

Роҳбари давлат дар робита ба шакли давлатдории навини тоҷикон дар яке аз суханрониҳо ишора намуданд, ки «аз рӯзи аввали фаъолияти ҳукумати қонунӣ барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд,  демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ҳадафи аслии сиёсӣ ва иқтисодии он буд».

Масъалаи басо муҳим ва тақдирсозе, ки дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, ин таҳия ва бо роҳи раъйпурсӣ қабул намудани Конститутсияи нав ва дар он муайян намудани шакли идоракунии ҷумҳурӣ, яъне ҷумҳурии президентӣ ва ё ҷумҳурии парлумонӣ буд. Чаро чунин зарурат пеш омад? Посухро аз суханронии Роҳбари давлатамон меёбем: «Мо ҳама шоҳиди он будем, ки дар гузаштаи начандон дур баъзе аз хусусиятҳои давлатдории парламентӣ чӣ гуна зоҳир шуда буд. Намедонистем, ки сардори давлат кӣ буду кӣ раиси ҳукумат, кадоме аз инҳо дар назди кадомаш масъул буд. Имрӯз ҳамаи мо набояд як масъаларо фаромӯш кунем, масъалаи манфиату оромии мардум. Мо дар асоси иродаи халқи хеш давлати нав бунёд мекунем. Мо дар назди халқ масъул ҳастем. Мо дигар намегузорем, ки аз бесалоҳиятию ноуҳдабароии давлатдорон мардум ба гирдоби оқибатҳои фалокатовар гирифтор шавад. Хулоса, барои татбиқи ҳокимияти иҷроия Президент масъул аст».

Бо мақсади мушаххас ва интихоб намудани шакли давлатдорӣ комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфт ва ин ҳайат баъди омӯзиши амиқи тамоми паҳлуҳои масъалаи мавриди назар ба ин натиҷа расид, ки шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки ба шароити кишварамон ҳамаҷониба ҷавобгӯ мебошад, ин низоми идоракунии президентӣ аст.

Мусаллам аст, ки умури давлатдорӣ дар чаҳорчӯби Конститутсияи он роҳандозӣ мегардад. Эъломи Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчун давлати мустақил эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дигар давлатҳои ҷаҳон зарурат пеш овард, ки Конститутсияи нав қабул гардад. Бо ин мақсад дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия таҳти роҳбарии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Ба ин ҳайат ҳуқуқшиносони варзида, донишмандон, шахсони собиқадори соҳаҳои гуногун, пажӯҳишгарон, донандагони хуби таъриху фарҳанг, расму оин ва дину мазҳаб дохил гардиданд.

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва асоси низоми ҳуқуқиву сиёсӣ дар ҳар як давлат нақши муҳим дорад. Он на танҳо сохтори давлат ва ҳокимиятро муайян мекунад, балки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Конститутсия санади муқаддас ва меъёри олитарини ҳуқуқ мебошад, ки заминаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди институтҳои иҷтимоиро фароҳам овардааст.

Яке аз самтҳои муҳими ин рушд — таҳкими парламентаризм, яъне фаъолияти намояндагии мардум тавассути мақоми олии қонунбарор мебошад, ки дар таъсис ва баланд бардоштани мақоми он нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст.

Парламентаризм дар Тоҷикистон пас аз қабули Конститутсия, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф намуд, ба марҳилаи нав ворид гашт.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини кишвар рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор меравад. Он дар замоне қабул гардид, ки давлат пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба эҳёи сохторҳои сиёсӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ ниёз дошт.

Конститутсия барои маротибаи  аввал арзишҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиро ҳамчун асосҳои сохтори давлат муқаррар намуд. Дар моддаи якуми он омадааст, ки:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Ин меъёр на танҳо моҳияти сиёсӣ, балки самти рушди минбаъдаи кишварро низ нишон медиҳад. Конститутсия сохтори се шохаи ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва судиро муайян намуда, байни онҳо низоми мувозинат ва боздорандагиро пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон, Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба сатҳи олӣ мебардорад. Дар он ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, манзил, ҳуқуқи ташкили оила, ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, мерос, мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, озодии сухан, нашр, озодии виҷдон, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳуқуқи истироҳат, ҳифзи саломатӣ, баробарии шаҳрвандон пеши қонун ва ҳимояи иҷтимоӣ кафолат дода шудаанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки асоси фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлатдории муосири тоҷикон аст.

Тавре дар боло ишора шуд, дар Тоҷикистон парламентаризм, ба таври воқеӣ, баъди қабули Конститутсия ташаккул ёфт. Қонуни асосӣ мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарорро — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.

Мувофиқи Конститутсия, Маҷлиси Олӣ аз Маҷлис миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст:

— Маҷлиси миллӣ, ки Президент ва намояндагони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро дар бар мегирад;

— Маҷлиси намояндагон, ки бевосита тавассути интихоботи умумӣ аз тарафи халқ интихоб мешаванд.

Ин сохтори дузинагӣ яке аз нишонаҳои муҳими рушди парламентаризм дар Тоҷикистон мебошад, зеро имкони васеи намояндагии минтақаҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро фароҳам меорад.

Конститутсия на танҳо сохтори Маҷлиси Олиро муайян намуд, балки ваколат, тарзи фаъолияти он ва муносибати байни шохаҳои ҳокимиятро низ ба таври дақиқ танзим кард.

Мувофиқи Конститутсия:

— Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи қабули қонунҳоро дорад;

— Маҷлиси миллӣ қонунҳои қабулшударо баррасӣ ва тасдиқ мекунад;

— ҳар ду Маҷлис метавонанд ташаббуси қонунгузорӣ дошта бошанд;

— агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ агар қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқии парламентаризмро дар Тоҷикистон гузошт.

Дар давраи баъди қабули Конститутсия, барои мутобиқ сохтани сохтори давлат ба талаботи замон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Тағйироти соли 1999 боиси гузариш ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон гардид, ки ин қадами ҷиддӣ дар таҳкими парламентаризм буд. Тағйироти минбаъда низ самти мукаммал намудани низоми қонунгузорӣ ва тақвияти фаъолияти намояндагӣ доштанд.

Дар айни замон, парламенти Тоҷикистон на танҳо қонун қабул мекунад, балки тасдиқи буҷети давлатӣ ва таъйин ё тасдиқи мансабҳои баландпояро назорат мекунад, аз ҷумла:

— таъсиси Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;

— ба муҳокимаи халқ  пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;

— тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

— ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;

— тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;

— таъини раъйпурсӣ;

— таъсиси судҳо;

— тасдиқи рамзҳои давлатӣ;

— тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;

— тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;

-муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;

— муайян намудани маоши Президент;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Бо ин роҳ, парламентаризм дар Тоҷикистон тадриҷан аз як шакли рамзӣ ба як ниҳоди фаъоли сиёсӣ табдил ёфт.

Чуноне ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз  намудаанд: «Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулияти баланд ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва пешбурди сиёсати созандаи Сарвари давлат талош варзида, дар рушди парламентаризми миллӣ саҳми шоён мегузоранд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад. Тавассути интихоботи озод ва шаффоф, шаҳрвандон метавонанд намояндагони худро ба Маҷлиси намояндагон интихоб кунанд.

Қонунгузории интихоботӣ дар заминаи Конститутсия таҳия шуда, ҳуқуқи ҳар шаҳрванди аз 18-сола болоро барои иштирок дар интихоботро таъмин мекунад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз  диҳад.

Ҳамин тавр, парламентаризм на танҳо низоми давлатӣ, балки василаи ифодаи иродаи мардум низ ҳаст.

Дар солҳои охир фаъолияти аҳзоби сиёсӣ низ дар доираи Конститутсия сурат мегирад. Ин низ нишондиҳандаи рушди фарҳанги сиёсӣ ва демократияи воқеӣ дар мамлакат мебошад.

Дар марҳалаи кунунӣ, рушди парламентаризм бо дигаргуниҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иҷтимоӣ, парлумон бояд ба маркази таҳлилу ташаббусҳои иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёбад.

Дар Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро бо такя ба принсипҳои ошкоро, масъулият ва шаффофият пеш мебарад. Баргузории ҷаласаҳои кушода, нашри қарорҳо дар сомонаҳои расмӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаи лоиҳаҳои қонунҳо аз нишонаҳои ин раванд мебошанд.

Ҳамзамон, рушди парламентаризм дар оянда бо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаманд аст. Конститутсия бо таъмини устувории низоми сиёсӣ ва қонунӣ барои ин рушд заминаи қавӣ фароҳам меорад.

Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва пояи давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст. Он бо муайян намудани сохтори қонунбарор, муносибати байни шохаҳои ҳокимият ва кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон, заминаи устувори рушди демократияро гузоштааст.

Дар натиҷа, парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи ибтидоӣ ба сатҳи баланди ташаккул расида, имрӯз ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ва сиёсати устувори кишвар шинохта мешавад.

Бо такя ба Конститутсия ва таҷрибаи солҳои охир, метавон гуфт, ки парламентаризм дар Тоҷикистон дар роҳи рушд қарор дорад, яъне роҳи таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд, иштироки мардум ва тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Барно Саидвализода
вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Ноябрь 5, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад