ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. Имрӯз дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» бо ҳам бозӣ мекунанд

Ноябрь 26, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 26 ноябр, соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо-2-и Осиё байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин муносибат шоми 25 ноябр дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳо ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.

Игор Черевченко, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон гуфт, ки дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ба реклама эҳтиёҷ надорад. Ин бошгоҳи пурқувватест, ки дар ҳайати он бозингарони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Жоржи Жезуш, сармураббии дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки «бозӣ бо дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон барои мо мушкил хоҳад шуд, зеро натиҷаи он барои рақиб муҳим аст. Аз ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ҳамон нафароне, ки ба Тоҷикистон барои рақобат омодаанд, вориди майдон хоҳанд шуд».

Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст. Қаблан, 17 сентябри соли 2025 дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври аввал дар меҳмонӣ аз дастаи футболи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буд.

Дар ҷаласа инчунин бо иштироки масъулини бозӣ масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дар пешистода баррасӣ шуданд. Мизбонони рақобат футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо пироҳанҳои сурх ва дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо пироҳанҳои зард ба майдон мебароянд.

Дар ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозингарони машҳур, ба монанди Марсело Брозович, Садио Мане, Жоау Феликс, Инйиго Мартинес, Бенто, Абдулраҳмон Ғариб, Султон-ал-Ғаннам, Муҳаммад Симакан, Габриел Анжело, Уэсли ва дигарон ба Душанбе омадаанд. Криштиану Роналду дар ин қатор нест, зеро бозингари португалӣ то ҳанӯз дар ягон бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё иштирок накардааст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. Дастаҳои футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон соҳиби 6-имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. Дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон бе имтиёз дар зинаи охирини гурӯҳ аст.

Бозии дигари даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи “D” байни дастаҳои футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Гоа»-и Ҳиндустон имрӯз дар шаҳри Бағдод (соати 21:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо-2-и Осиё бо иштироки 32 даста доир шуд. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар минтақа аз 16 даста иборат мебошад. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо-2-и Осиё -2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «D»

«Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ

«Ал-Завра»-и Ироқ

«Истиқлол»-и Тоҷикистон

«Гоа»-и Ҳиндустон

Бозиҳои даври 1-ум 17 сентябр доир гардиданд.

Дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон аз дастаи «Ал-Завра»-и Ироқ бо ҳисоби 2:0 мағлуб гардид. Дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо ҳисоби калони 5:0 ғолиб омад.

Бозиҳои даври 2-юм 1 октябри соли 2025 баргузор гардиданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Дастаи «Ал-Завра» -и Ироқ аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 мағлуб шуд.

Бозиҳои даври 3-юм 22 октябри соли 2025 доир гардиданд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дастаи «Ал-Завра»-и Ироқро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон аз дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуд.

Бозиҳои даври 4-ум 5 ноябри соли 2025 баргузор шуданд.

Дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ бар дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бар дастаи футболи «Гоа» Ҳиндустон бо ҳисоби калони 4:0 ғолиб омад.

 

Даври 5-ум

26 ноябр (чоршанбе)

18:45 – «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ

Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор

21:00 – «Ал-Завра» и Ироқ бо «Гоа»-и Ҳиндустон

Варзишгоҳи «Ал-Завра»-и шаҳри Бағдод.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 26, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид