Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд

Ноябрь 2, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 61 адад муассисаи таълимии  ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026  458 тонна ангишт,  391 метри мукааб ҳезум ва 841 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардидаст. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.

Инчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия 9 адад  буғхона мавҷуд буда, 766 адад бухорӣ, 26 адад генераторҳои барқдиҳанда   ва 146 адад  дастгоҳи гармидиҳии барқии омода мебошанд.

Омодагии корхонаву идораҳои ноҳия  тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026»  ҷараён дорад.

Айни замон дар Беморхонаҳои марказии ноҳияи Шаҳринав ва беморхонаи минтақавӣ, Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ ва Марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 36 тонна ангишт, 27 метри мукааб ҳезум, 600 литр сузишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Инчунин муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияро бо 87 адад гармкунакҳои барқӣ, 41 адад печкаҳои аловӣ, 4 адад генераторҳои барқии коршоям таъмин намудаанд.

Дар беморхонаи марказӣ барои гузаронидани давраи зимистони солҳои 2025-2026 бо дастгирии маблағҳои буҷетӣ маҳсулоти хӯрока,  аз қабили картошка 800 килограмм, пиёз 500 килограмм, равған 350, орд 1000 килограмм, биринҷ 80 кг, шакар 350 килограмм ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ  ба миқдори 1200 килограмм захира карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар

Ноябрь 2, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар