Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 61 адад муассисаи таълимии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 458 тонна ангишт, 391 метри мукааб ҳезум ва 841 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардидаст. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Инчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия 9 адад буғхона мавҷуд буда, 766 адад бухорӣ, 26 адад генераторҳои барқдиҳанда ва 146 адад дастгоҳи гармидиҳии барқии омода мебошанд.
Омодагии корхонаву идораҳои ноҳия тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ҷараён дорад.
Айни замон дар Беморхонаҳои марказии ноҳияи Шаҳринав ва беморхонаи минтақавӣ, Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ ва Марказҳои саломатии деҳотӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 36 тонна ангишт, 27 метри мукааб ҳезум, 600 литр сузишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Инчунин муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияро бо 87 адад гармкунакҳои барқӣ, 41 адад печкаҳои аловӣ, 4 адад генераторҳои барқии коршоям таъмин намудаанд.
Дар беморхонаи марказӣ барои гузаронидани давраи зимистони солҳои 2025-2026 бо дастгирии маблағҳои буҷетӣ маҳсулоти хӯрока, аз қабили картошка 800 килограмм, пиёз 500 килограмм, равған 350, орд 1000 килограмм, биринҷ 80 кг, шакар 350 килограмм ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ ба миқдори 1200 килограмм захира карда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






