ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюм бо дастаи футболи ИМА бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 ноябр дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии дуюми худро дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар ҷараён дорад, анҷом медиҳад. Дастаи Тоҷикистон бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки мунтахаби Буркина Фасоро дар даври аввали мусобиқа бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ дар майдони 2-юми Маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор гашта, соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими Чехия бо ҳисоби 1:6 мағлуб гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






