ҶОМИ ОСИЁ-2026. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян шуданд

Ноябрь 11, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар қисми ниҳоии Ҷоми КФО-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, муайян шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пас аз қуръакашии  Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» ҷойгир шуда, бо дастаҳои Ҷопон, Узбекистон ва Австралия бозӣ мекунад.

Дар қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D»  тақсим шуд, ки ҳар кадоме аз чор даста иборат аст.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, барои медалҳо муборизаро идома медиҳанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад