ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Тимори Шарқӣ бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд

Ноябрь 17, 2025 10:38

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи яккачини Тимори Шарқӣ бо либосҳои анъанавии сафед ба майдон мебарояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пеш аз бозӣ дар варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъулини бозӣ, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва намояндагони дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш дастаҳо ранги либосҳои худро барои вохӯрии интизорӣ интихоб карданд. Бозингарони Тоҷикистон либосҳои сафед ва Тимори Шарқӣ либосҳои сурх ба бар хоҳанд кард.

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18 ноябр дар шаҳри Дарвин баргузор гашта, соати 11:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2025 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад