ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО БАЙНИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН-2025. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якум 3 медали тилло ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи бонуфузи қитъавӣ – Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон-2025 се медали тилло ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарон Абубакр Худоиев, Муҳаммад Одинашоев ва Мадина Қурбонзода медали тилло ба даст оварданд.
Мусобиқа 20–21 ноябр байни наврасон баргузор шуда, дар он 333 варзишгар аз 4 кишвари Осиё иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар ин бахш 179 писар ва 11 духтар иштирок доранд.
Мусобиқа байни ҷавонон 22–23 ноябр доир мегардад. Дар ин мусобиқа 276 ҷудочӣ аз 6 кишвари Осиё ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 176 писар ва 10 духтар дар татамии Душанбе рақобат хоҳанд кард.
Ғолибони рӯзи якуми Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни наврасон -2025 дар шаҳри Душанбе:
Писарон
Вазни -50 кг
Абдураззоқҷон Бурҳонов
Темурмалик Эшпулотов
Давид Маҳмудов
Сафохуҷа Сайфуллоев
Вазни -55 кг
Абубакр Худоиев
Азамат Собиров
Шоҳрух Имомҷонов
Рустамбек Сокидиков
Вазни -60 кг
Йернур Батюргали
Муҳаммадалӣ Ҳусийев
Ҷасурбек Қаҳрамонов
Сейжан Маметов
Вазни -66 кг
Муҳаммад Одинашоев
Максим Кочнев
Далер Асрорқулов
Маҳмудбек Темиров
Духтарон
Вазни -40 кг
Нигора Сафарова
Эзоза Наримонова
Вазни -44 кг
Диёра Саидқулова
Оминабону Тошова
Вазни -48 кг
Зарнигор Улашова
Ҳулкар Хушбахтова
Сарвиноз Абдусамадова
Нушин Ҷумаева
Вазни -52 кг
Мадина Қурбонзода
Дилбар Нуралиева
Зуҳро Абдухолиқова
Дилшодахон Маҳмудҷонова
АКС аз манбаъҳои боз










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






