ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсия дар таъмини оромию суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми арзанда мегузоранд. Инчунин аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷинояткории муташаккил ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокорию ҷоннисорӣ нишон доданд. Ин матлаб зимни ҳамоиши тантанавӣ дар шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик баён гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мақомоти милитсия тибқи таъйиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳимми давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба анҷом мерасонанд.
Тавре Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, «роҳи пуршарафи пешгирифтаи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст».
Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободонию созандагӣ, ки имрӯз дар мамлакат густариш меёбанд, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки маҳз бо дастгирию ғамхории пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди боэътимоди пурқувват ва кафили амнияти дохилии мамлакат мубаддал гардид.
Дар ин рӯз Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳадяҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба собиқадорон ва кормандони фаъоли мақомоти милитсия тақдим гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон













10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






