Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шоҳмот оғоз мегардад

Ноябрь 9, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин чорабинии варзишии сатҳи баланд иштироки тақрибан 250 шоҳмотбоз аз 15 кишвар пешбинӣ шудааст.

Мусобиқа дар ду гурӯҳ — «А» ва «Б» — баргузор мегардад, то сатҳи баланди рақобати варзишӣ ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи иштирокчиён таъмин гардад.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 50 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мусобиқа то 16 ноябр идома меёбад.

АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад