«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд

Ноябрь 24, 2025 18:30

ЛАХШ, 24.11.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар маркази ноҳияи Лахш бо иштироки васеи сокинону кормандони  ташкилоту муассиса ва хонандагону донишҷӯёни ноҳия таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» ҳамоиши идона  баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини  Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  хабар доданд.

Дар ҳамоиш зиёда аз 2000 нафар сокинони ноҳия бо бардоштани парчамҳо, аксҳои қаҳрамонони тоҷик ва шиору овезаҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва суботи сиёсии мамлакат, бо руҳияи болида ва ҳисси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастӣ иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Лахш  Каромиддин Холзода иброз дошт,  ки  «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр таҷлил карда мешавад. Мо онро чун Рӯзи Парчами давлатӣ ва иди умумимиллӣ ҷашн мегирем. Парчами давлатии Тоҷикистон ифтихори миллӣ буда, эҳтироми волои он вазифаи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи аҳли ҷомеа ва дӯстию бародарии ҳама қавму миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад.  Он давлатдории мо ва соҳибихтиёр будани онро таҷассум намуда, мардумро ба ҳаёти осоишта ва талош барои зиндагии арзанда, рушди озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд».

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ дар деҳаи Чорсӯи ноҳия ду маркази савдо ва дар назди Муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумии №23-и деҳаи Хуррамшаҳр бо саҳми кумитаи падару модарон ошхона ба истифода дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Ноябрь 24, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар