«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
ЛАХШ, 24.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Лахш бо иштироки васеи сокинону кормандони ташкилоту муассиса ва хонандагону донишҷӯёни ноҳия таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.
Дар ҳамоиш зиёда аз 2000 нафар сокинони ноҳия бо бардоштани парчамҳо, аксҳои қаҳрамонони тоҷик ва шиору овезаҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва суботи сиёсии мамлакат, бо руҳияи болида ва ҳисси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода иброз дошт, ки «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр таҷлил карда мешавад. Мо онро чун Рӯзи Парчами давлатӣ ва иди умумимиллӣ ҷашн мегирем. Парчами давлатии Тоҷикистон ифтихори миллӣ буда, эҳтироми волои он вазифаи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи аҳли ҷомеа ва дӯстию бародарии ҳама қавму миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Он давлатдории мо ва соҳибихтиёр будани онро таҷассум намуда, мардумро ба ҳаёти осоишта ва талош барои зиндагии арзанда, рушди озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд».
Ҳамчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ дар деҳаи Чорсӯи ноҳия ду маркази савдо ва дар назди Муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумии №23-и деҳаи Хуррамшаҳр бо саҳми кумитаи падару модарон ошхона ба истифода дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш













Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






