Парчами давлатии Тоҷикистон давоми нуҳ моҳ ба шарафи варзишгарони тоҷик зиёда аз 320 маротиба баланд бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми нуҳ моҳи соли равон ба шарафи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёда аз 320 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз намуд, давоми нуҳ моҳи соли равон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохилию хориҷи мамлакат 320 медал, аз ҷумла 90 медали тилло, 92 нуқра ва 138 биринҷӣ ба даст оварданд, ки ба шарафи онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
«Боиси ифтихору сарфарозист, ки варзишгарони тоҷик дар ҳар мусобиқае, ки пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон низ афрохта мешавад», -афзуд Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Бояд иброз намуд, ки дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи олӣ ва фарҳангии берун аз давлат низ ҳунармандон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ парчами миллиро парафшон менамоянд. Ҳунармандони машҳури мамлакат меҳру муҳаббати худро нисбат ба Парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва таронаҳо таҷассум менамоянд, ки нишони арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатӣ мебошад.
Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон аъзои онҳо аст, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои мамлакатамон дар давлатҳои дигар пайваста партавфишонӣ менамояд, ки боиси ифтихори ҳар кадоми мо мебошад.
Имрӯз ҷавонону варзишгарони тоҷик бо дастгирию роҳнамоии Пешвои миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба рамзҳои муқаддаси Ватан ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа талошу ташаббусҳои созанда намуда, бо иродаи қавӣ ва матонату қаҳрамонӣ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд. Ба хотири варзишгарони мо имрӯз Парчами Тоҷикистон дар байни парчами садҳо давлати ҷаҳон парафшон гардида, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад. Ин ҳама боиси ифтихор ва нишони соҳибистиқлолии миллати тоҷик мебошад.
«Ҷавононро мебояд, ки ин рамзи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллиро гиромӣ доранд ва барои ҳамеша парафшон буданаш ҷаҳду талош намоянд. Онҳо бояд ҳамеша зери ливои муқаддаси хеш муҳофизи манфиатҳои давлату миллати худ бошанд, ҳамеша аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошанд, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин намоянд», -таъкид намуд Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






