Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 10, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили нави истиқоматӣ таъмин шуданд.

Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат амалӣ шуд, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ неруи тоза бахшид.

Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва 32 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат аст.

Хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагияшон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд.

Иншооти дуюми истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо риояи қоидаҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст, ки дар он барои зист ва истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити хуб фароҳам  шудааст. Бино аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъмини 128 корманди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо манзили нави зист пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ барои кӯдакон ва  калонсолон дар назди ин биноҳо айвону нишастгоҳҳо ва майдонҳои хурди бозӣ бунёд шудааст.

Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро дар ҳар се бинои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандону мутахассисони Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи якхела сохта шудаанд, дорои ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон мебошанд.

Ҳамчунин биноҳои навсохти Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияҳои болозикр бо таваққуфгоҳ ва дастгоҳу таҷҳизоти лозимаи техникӣ таъмин буда, дар маҷмуъ дар онҳо барои пешбурди фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии иқдоми мазкурро натиҷаи фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод арзёбӣ карда, масъулони соҳаро барои дастгирӣ ва беҳсозии шароити кору зиндагии мутахассисони ҷавон вазифадор намуданд.
Ифтитоҳи фосилавии биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 10.11.2025

Ноябрь 10, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон