Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст

Ноябрь 14, 2025 12:06

 ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Навиштани сухан дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ифодаи эҳтирому миннатдорӣ, балки ифтихори бузург барои ҳар фарди ватандӯст мебошад. Зеро ҳар ҷумлае, ки бо номи ин шахсияти таърихӣ оро ёбад, руҳи ҳар тоҷикро болида мегардонад, қалбҳоро пур аз ифтихор ва муҳаббат ба Ватан менамояд. Номи Пешвои миллат — рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии мост.

Пешвои хирадманду адолатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зеҳни расо, иродаи қавӣ ва дилсӯзии беандоза ба мардум тавонистанд давлатеро, ки аз гирдоби ҷанг, парешонӣ ва нобасомонӣ гузашта буд, ба роҳи сулҳу субот, созандагӣ ва тараққӣ оваранд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо сиёсати оқилонаи Пешвои миллат аз як давлати пас аз ҷанг ба мамлакати мустақил, ҳуқуқбунёд ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст.

Ҳар иқдоми Пешвои миллат нишонаи садоқат ба халқу Ватан, намунаи ибрати ватандӯстӣ ва ҷавонмардист. Бо роҳбарии ин шахсияти нодир миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ ба сӯйи фардои дурахшон, аз парешонӣ ба ваҳдат ва аз заъф ба қудрат расид. Имрӯз бо ифтихор мегӯем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати меҳнату ҷонфидоии Пешвои миллат ба кишвари сулҳ, дӯстӣ ва рушд табдил ёфтааст.

Бо шарофати андешаи созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз роҳи мустақили рушди худро пайдо намуд. Имрӯз дар саросари мамлакат бунёдкорию ободонӣ ба ҳукми амал даромада, симои ватан бо қадамҳои устувори давлатсозӣ ва навандешӣ тағйир меёбад. Роҳҳои нав, неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳо, бемористонҳо, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ — ҳамаи ин меваи заҳматҳои пайгиронаи Сарвари давлат мебошанд, ки бо дилу ҷон барои ободии ин сарзамин кӯшидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки меъмори воқеии давлатдории навини тоҷикон мебошанд. Маҳз ба туфайли ҷасорати сиёсӣ, дурбинӣ ва иродаи қавияшон сулҳу суботи миллӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид. Пешвои миллат тавонистанд халқи парокандаю азияткашидаи тоҷикро муттаҳид созанд, дар дили мардум руҳи ватандӯстиро бедор намоянд ва орзуи садсолаҳои мо — расидан ба истиқлолу худшиносиро ба воқеият табдил диҳанд.

Имрӯз номи Пешвои миллат ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва эҳёи давлати тоҷикон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои роҳи дурусту равшан буда, миллати моро ба сӯйи фардои дурахшон мебаранд. Зери парчами ваҳдату истиқлол халқи тоҷик бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сӯи ҷомеаи адолатпарвару пешрафта қадам мегузорад.

Ҳар фарзанди Тоҷикистон имрӯз ифтихор дорад, ки чунин Пешво, чунин роҳнамо ва муҳофизи давлату миллат дорад. Сухану амал, сиёсати дохиливу хориҷӣ, дидгоҳи хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар тоҷики ҷаҳон сабақи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва садоқат ба ормонҳои миллӣ мебошад. Пешвои миллат барои ҳар шаҳрванди мамлакат намунаи инсонеянд, ки аз муҳаббат ба Ватан ва масъулият ба сарнавишти миллат неру мегиранд. Бо кору пайкорашон руҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси якпорчагии давлат дар дилу ҷони мардум бедор мегардад.

Имрӯз мардуми тоҷик бо ифтихору боварӣ ба ояндаи худ менигаранд. Ин итминон аз он аст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор ба сӯи рушду камол ва ободию пешрафт пеш меравад. Ҳар дастоварди давлат — самари заҳматҳои шабонарӯзӣ, кордонию ҷасорати сиёсӣ ва меҳри беандозаи Пешво ба миллат мебошад.

Пешвои миллат барои ҳар сокини мамлакат намунаи шахсияти ватандӯст, худогоҳ ва созанда мебошанд. Пешво ба мо сабақ доданд, ки бо меҳнат, иттифоқ ва дониш метавон давлатро аз нав бунёд кард, номаи таърихро бо ифтихор навишт ва дар ҷаҳон ҷойгоҳи шоиста пайдо намуд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаашон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, соҳибистиқлол ва амн дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Мо — фарзандони даврони истиқлол ифтихор дорем, ки шоҳиди замоне ҳастем, ки орзуи ниёгон ба ҳақиқат табдил ёфт. Ҳар тоҷики ватанпарвар дар дил эҳсос мекунад, ки номи Эмомалӣ Раҳмон — рамзи иттиҳод, неруи миллӣ ва пояи давлатдории муосир аст.

Бигузор дар зери парчами ваҳдат, сулҳ ва истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо боз ҳам шукуфон гардад, ситораи бахти миллат дурахшонтар битобад ва садои тоҷикон дар олам ҳамеша бо ифтихор танинандоз шавад!

                                                                                                Қодириён Мадина Аъламхон,
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 14, 2025 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд