Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»

Ноябрь 24, 2025 08:25

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 24 ноябр дар мамлакат Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил мегардад. 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки имсол ба қабули он 33 сол пур шуд. АМИТ «Ховар» бахшида ба ин сана иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.

-Ойини парчамдории халқи мо дар масири таърихи чандинҳазорсолаи он умеду ормон ва дастовардҳои мардуми сарбаланди мо, яъне давраҳои гузаштаи давлатдории тоҷикон ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навинро таҷассум менамояд.

***

Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

***

Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, боиси ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.

***

Ҳоло Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар радифи парчамҳои давлатии дигар кишварҳои олам дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки дар баробари эҳсоси ифтихор масъулияти ҳар фарди ҷомеаро баланд мебардорад.

***

Мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгон парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар фард баробар медонанд.

***

Мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем.

***

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси  ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ва рамзи давлати соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад.

***

Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангиро бо аксар кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.

***

Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон- Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки давоми таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

***

Мо, мардуми Тоҷикистон вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

***

Воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 24, 2025 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»