Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд

Ноябрь 18, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом доданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон озод гардида, Насреддин Исматулло, ки дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гадида, Ҳамрализода Фаррух, ки дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд фаъолият намудааст, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ноябрь 18, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон