Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна»-ро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 19, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна» — ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қаюм Шарифов бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Дар вақти сохтмон зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи тозабунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 18 парастори ботаҷриба бо  бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд.

Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтааст.

Омӯзиш дар он бо 2 забон — тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони англисӣ  ҳам ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд.

Саҳни биноро гулҳои рангоранг, айвонҳо барои гузаронидани машғулиятҳо дар ҳавои тоза, инчунин дигар таҷҳизоти зарурӣ, зебу зиннат додааст.

Роҳрав ва дигар деворҳои муассиса рангину зебо ва бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ оро ёфтааст.

Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд.
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Мафтуна дар шаҳри Истаравшан 19.11.2025

Ноябрь 19, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд