Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд

Ноябрь 14, 2025 10:58

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули  муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд.

Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко 14.11.2025

Ноябрь 14, 2025 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар