РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр Рӯзи ҷаҳонии телевизион муқаррар гардидааст. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1996 ба хотири арҷгузорӣ ба нақши телевизион ҳамчун яке аз воситаҳои пурқувваттарини иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ин сана ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ ба хотири сулҳу амният, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давлатҳо мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ телевизион ба бахши муҳим ва устувори низоми иттилоотӣ табдил ёфт. Дар айни замон дар мамлакат 15 телевизиони давлатӣ, 17 телевизиони хусусӣ, 17 телевизиони ноқилӣ ва 5 IP- телевизион фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳанда шаҳодати афзоиши имконияти техникӣ, гуногунии барномаҳо ва рақобати солим байни шабакаҳо мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, яке аз пешравиҳои муҳими солҳои охир гузариши пурраи телевизион ба пахши рақамӣ мебошад. Пахши рақамӣ сифати тасвир ва садоро чанд маротиба беҳтар намуда, барои мардум имкони тамошои шабакаҳои зиёдро фароҳам овардааст. Истифодаи дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими муосир имкон дод, ки мазмуну муҳтавои барномаҳо касбӣ ва ҷолиб гардад.
Телевизион дар Тоҷикистон на танҳо воситаи фароғат, балки мактаби муҳим дар рушди маърифат, фарҳанг ва худогоҳии миллӣ мебошад. Он ба таъмини иттилооти дақиқ ва саривақтӣ, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.
Шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳонро ба самъи ҷомеа расонида, яке аз манбаъҳои боэътимод барои мардум ба ҳисоб мераванд.
Барномаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллии телевизионҳои Тоҷикистон дар муаррифии мероси ғании тоҷикон нақши муҳим доранд. Ин барномаҳо ба болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунанд.
Дар телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳои омӯзишӣ, илмӣ, тиббӣ ва тарбиявӣ низ пахш мегарданд, ки барои баланд бардоштани дониши ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон аҳамияти калон доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) чораҷӯӣ намоянд.
Ҳадаф аз ин дастури Сарвари давлат забондон шудани насли наврасу ҷавон мебошад, зеро барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, телевизион аз дигар воситаҳои ахбори омма бо он фарқ менамояд, ки дар матбуот воқеот, факту рақам ва таҳлили мавзуъҳо рӯи қоғаз дарҷ мегардад ва хонанда онҳоро интихобан мехонад. Одамони маълумотнок дар ин маврид ба назар гирифта мешаванд, яъне онҳое, ки хонда метавонанд ва таъсиррасонӣ тавассути суратҳо хос аст. Дар телевизион воқеоти муҳим ҳамон рӯз ё баъди лаҳзаҳое, ки муддати чандон нагузаштааст, пешкаши тамошобинон мегардад. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне зимни тамошо дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад.
Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегардад, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Телевизион ҳамчун воситаи муҳими иттилоотию фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Бо афзоиши шумораи шабакаҳо, рушди технологияҳои пахш ва беҳтар шудани сифати барномаҳо нақши телевизион дар ташаккули афкори ҷомеа, болоравии маърифат ва таҳкими фарҳанги миллӣ рӯз то рӯз бештар мегардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд






