1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад

Март 1, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии иммунитет дониста мешавад. Иммунитет системаи муҳофизатии организм аст, ки бар зидди вирусҳо, бактерияҳо, паразитҳо ва моддаҳои бегона мубориза мебарад. Он устувории муҳити дохилиро таъмин карда, ҳуҷайраҳои вайроншуда ё омосҳоро нобуд мекунад, ки ин барои саломатӣ ва зинда мондани инсон муҳим аст.

Ба иттилои олимони соҳаи тиб, бо фаро расидани фасли баҳор иммунитети инсон суст мегардад. Зеро захираҳои организм дар фасли зимистон ба охир расида, аксари одамон, махсусан занону духтарон бо омадани фасли баҳор бо мушкили норасоии витамину минералҳо дар организмашон рӯ ба рӯ мегарданд. Бар асари камбудии витаминҳо кас худро хаставу бемадор ҳис мекунад ва ин ҳолат ба руҳияаш низ таъсир расонида, метавонад ӯро гирифтори афсурдаҳолӣ кунад.

Иммунитети бадани одамро ба ду намуд ҷудо менамоянд: иммунитети табиӣ (ё модарзодӣ), ки меросӣ ба мо мегузарад ва иммунитети сунъӣ, ки тавассути гузаронидани ҳар гуна антитело ё ваксинаҳо ба таври тайёр ба даст меорем.

Олимони  соҳаи тиб иброз медоранд, ки ташаккул ёфтани системаи иммунии буния аз лаҳзаи таваллуд оғоз меёбад ва он баъди ба балоғат расидан ба итмом мерасад. Агар шахс дар ин давра тарзи ҳаёти солим дошта бошад, соҳиби қавитарин системаи иммунӣ мешавад. Вале фаромӯш набояд сохт, ки ҳатто қавитарин иммунитет ҳам бо сипарӣ шудани солҳо метавонад заиф гардад.

Нишонаҳои паст будани иммунитет беҳолӣ, бемадорӣ ва дард мебошанд. Инчунин шахс эҳсос мекунад, ки гоҳе хунук мехӯрад ва гоҳе гарм мешавад.

Ба тавсияи ғизошиносон, тарзи нодуруст хӯрок хӯрдан, яъне аз вақти хӯрокхӯрӣ гузаронидан ва ё барвақт аз он хӯрдан, ё ғизои сахту бирёнӣ истеъмол кардан, ҳамчунин зиёду кам аз меъёр хӯрдан дер ё зуд системаи иммунии одамро паст мекунанд. Бо сабаби он ки аз ин тарзи хӯрокхӯрӣ бунияи одам витамину минералҳои заруриро ба даст намеорад, масунияти он суст мешавад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз меъёр зиёд кор кардан ва ё баръакси он кор накардану нофаъол будани ҷисм низ яке аз сабабҳои паст шудани иммунитет ба шумор меравад.

Олимон таъкид менамоянд, ки хоби носолим, ки боиси невроз ва хашмгинии шахс мегардад, метавонад иммунитетро паст кунад. Инчунин одатҳои бад, ба монанди сигоркашию майнӯшӣ низ метавонанд масунияти одамро паст кунанд.
Барои нигоҳ доштани иммунитети бадан бояд ба истеъмоли ғизо аҳамияти махсус зоҳир намуд. Зеро ғизои солимро кафолати саломатӣ меҳисобанд. Тарзи ҳаёти солим барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати осебпазирии бадан ва баланд бардоштани иммунитет хеле муфид аст. Барои ин зарур аст, ки мардум бештар ба варзиш машғул шаванд. Инчунин хоби саривақтӣ ва бароҳат, истеъмоли ғизои солим, назорати фишори хун, роҳ надодан ба бисёрвазнӣ ва даст кашидан аз сигоркашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз роҳҳои асосии баланд бардоштани иммунитети бадан ба ҳисоб мераванд.

Табибон истеъмоли меваҳои ситрусӣ (лимӯ, афлесун), занҷабил (зинг), ангат, каду, карам, сирпиёз ва  асалро барои нигоҳ доштани қувваи муҳофизатии организм хеле манфиатнок мешуморанд. Онҳо хусусияти шифобахшии асалро махсус таъкид намуда, мегӯянд, ки дар як рӯз истеъмоли ду қошуқи чойхӯрӣ асал кофӣ аст, ки инсон дар фасли сармо умуман мубталои бемориҳои сармохӯрдагӣ ва зуком нагардад. Аммо маҳлул намудани асал бо об ва ё чойи гарм тавсия дода намешавад.  Чун ин амал хусусияти шифобахшии асалро аз байн мебарад. Инчунин нӯшидани чойҳои гиёҳӣ низ барои тақвият додани иммунитет нақши муҳим мебозад.

Таҳияи Фарӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ–ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ОИЛАИ СОЛИМ. Дар ин мавзуъ бо сокинони Файзобод вохӯрӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад