МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
ДУШАНБЕ, 01.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Фаромӯшхотирӣ (ё амнезия) бемории равонӣ аст, ки бо гум кардан, ба ёд наовардани маълумот ё таҷрибаҳои гузашта алоқаманд мебошад. Он метавонад ҳолати муваққатӣ ё нишонаи дигар бемориҳо бошад. Инчунин омилҳои гуногун, аз ҷумла осеби мағзи сар ва осеби равонӣ метавонанд сабаби фаромӯшхотирӣ гарданд. Табиби асабшиноси Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» Фариддун Абдуллоев омилҳои фаромӯшхотирӣ ва роҳҳои пешгирии онро чунин шарҳ дод:
— Фаромӯшхотирӣ дар аввал метавонад яке аз нишонаҳои бемориҳои дигар бошад. Зеро дигар бемориҳо ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонанд ва инсон оҳиста-оҳиста фаромӯшхотир мешавад. Дар шароити имрӯза фаромӯшхотирӣ ҳам дар калонсолон ва ҳам дар ҷавонон мушоҳида мегардад.
Омилҳои гирифтор шудан ба фаромӯшхотирӣ кадомҳоянд?
Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон- ин тағйироти синнусолӣ, тағйироти музмини гардиши хун дар майнаи сар ё дигар бемориҳое мебошад, ки инсон ба онҳо гирифтор шудааст. Яъне, осеби косахонаи сар, гузаронидани сактаи майнаи сар, бемориҳои сироятие, ки ба маркази асаб таъсири манфӣ мерасонанд, сабаби фаромӯшхотирӣ метавонанд бошанд.
Омили фаромӯшхотирии ҷавонон тарзи нодурусти ҳаёти солим, хоби кофӣ нарафтан, аз андоза зиёд истифода намудани сигор, майхӯрӣ ва дигар маводе мебошад, ки ба системаи асаб таъсир мерасонанд. Инчунин нӯшидани нӯшокиҳои энергетикӣ низ метавонад хотираро суст гардонад.
Бемории фаромӯшхотирӣ дар кӯдакон ва наврасон низ мушоҳида мегардад. Яке аз омилҳои дигари он истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ ё тамошои филмҳои тасвириест, ки хусусияти даҳшатнок доранд ва ба системаи асаб таъсир мерасонанд.
Фаромӯшхотирӣ пешгирӣ ё табобат мешавад?
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии фаромӯшхотирӣ- ин дар як рӯз мутолиа намудани чанд саҳифаи китоб ё рӯзнома мебошад. Дар ин ҳолат ҳуҷайраҳои майнаи сар, ки дар ҳолати нофаъол ҳастанд, фаъол гардида, ба фаромӯшхотирӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Барои фаромӯшхотирӣ ягон дору вуҷуд дорад?
Ба иттилои мутахассисон, барои фаромӯшхотирӣ доруҳои мушаххас вуҷуд надоранд, табобатҳо метавонанд барои рафъи шароити аслӣ ё нишонаҳои алоқаманд, ба монанди изтироб ё афсурдаҳолӣ муқаррар карда шаванд. Барои шахсе, ки ба фаромӯшхотирӣ гирифтор шудааст, муҳити мусоид, ҳавасмандгардонии реҷа ва машғул шудан ба фаъолияти мустаҳкамкунандаи хотира кумак мерасонанд.
Кадом амалҳо ба беҳтар шудани хотира кумак мерасонанд?
Машғулияти мунтазами ҷисмонӣ, истеъмоли ғизои солим, дастгирии маърифатӣ, яъне хондани китоб ва ё азёд намудани мисраи шеър, истеъмоли ғизои солим ва фаъолияти ҷисмонӣ метавонанд ёддоштро беҳтар кунанд. Кам кардани асабоният ва ба варзиши йога машғул шудан, инчунин хоби кофӣ ва дуруст ба функсияи мағз кумак мекунанд. Афсурдагӣ, норасоии витаминҳо ва тағйироти ба синну сол вобаста метавонанд фаъолияти майнаи сар ва ё хотираро кам намоянд.
Инчунин ҳангоми нарасидани об дар организми инсон дар навбати аввал мағзи сар осеб мебинад. Аз ин рӯ аз чой, қаҳва ё нӯшокиҳои газноке, ки мо давоми рӯз менӯшем, бояд даст кашиду бештар аз оби ошомиданӣ истифода бурд.
Заифшавии хотира метавонад боиси аз меъёр зиёд асабонӣ шудани шахс гардад. Ҳангоми асабоният системаи асаб витамину минералҳои худро гум мекунад. Аз ин рӯ мебояд, ки сабзавоту меваҷоти пур аз витаминро бештар истеъмол намоем.
Яке аз сабабҳои дигари фаромӯшхотирӣ, ки дар байни калонсолон дида мешавад, бемории Алтсгеймер мебошад. Ин бемориро дар тибби муосир табобатнашаванда меҳисобанд. Инчунин бемориҳои вайроншавии музмини гардиши хун, атеросклерози мағзи сар ва паркинсонизм низ сабаби фаромӯшхотирӣ мегарданд. Ин бемориҳо асосан ба калонсолон хос буда, бо роҳи истифодаи дору ва маслиҳатҳое, ки табибони асабшинос медиҳанд, табобат карда мешаванд.
Агар фаромӯшхотирӣ шиддат гирад, барои гирифтани машварат ба табиб ё мутахассис-невролог муроҷиат намоед.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






