РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Суди конститутсионӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди конститутсионӣ хабар доданд.
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашӯрзода иброз дошт, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳимми иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад.
«Дар давлатдории навини Тоҷикистон барои поягузорӣ намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва якдиливу заминагузории ормонҳои наслҳои минбаъдаи халқу миллати тоҷик нақши меҳвариро маҳз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ иҷро кардааст»,-гуфт Раиси Суди конститутсионӣ.
Иброз гардид, ки тоҷикон бо дарки он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили сулҳу субот, рушди Ватан ва ба сифати рукни меҳвари устувори давлату ҷамъият баромад мекунанд, дар ҳамин марҳилаи тақдирсози мураккаби буҳрони ҷаҳонӣ дар атрофи сиёсати созандаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид шудаанд. Онҳо омодагии худро барои ҳифзу ҳимояи марзу бум, дастовардҳои таърихӣ ва комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бо меҳнату эҷод ва зоҳир намудани ҳувияти баланди хушиносию ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ нишон медиҳанд.
АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






